Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Муносибати ҷузъҳои ибораи мураккаби гурӯҳи мазкурро дар схема ин тавр тасвир кардан мумкин аст:
Ибораҳои мураккаби гурӯҳи дуюм дар навбати худ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:
а) Ибораҳое, ки ҳамеша секалимагианд. Сабаби ин дар он аст, ки калимаҳои тобеъкунандаи таркиби ибораҳои содда, бидуни калимаи эзоҳдиҳанда аз ҷиҳати маъно ноқис мемонанд: то рӯзи ҷашн омадан, аз моҳи май шурӯъ намудан, дар ҳафтаи оянда барпо намудан ва монандӣ инҳо; б) ибораҳое, ки дар шакли содда, дукалимагӣ низ метавонанд истеъмол ёбанд: саҳари барвақт омадан — саҳарӣ омадан, обҳои булӯрвор шаффоф — обҳои шаффоф.
Ба ибораҳои мураккаби гурӯҳи дуюм ибораҳои аз қабили марди шамшер ба даст, зани фаранҷӣ бар сар низ дохил мешаванд, ки баъзе аз онҳо хусусияти устувор гирифта, ба ибораҳои фразеологӣ табдил ёфтаанд. Чунончи, ғуломи ҳалқа бар гӯш ва монанди ин.
Хусусияти фарқкунандаи ибораҳои мураккаби гурӯҳи дуюм чунин аст: а) Дар онҳо ба сифати ҷузъи тобеи калимаи асосӣ на калимаҳои алоҳида, балки ибораи содда ба кор бурда мешавад. Ибораҳои содда дар ин маврид ягонагии маъно ва хусусияти номинативии худро барҳам намедиҳанд, балки яклухт ҳиссаи асосии ибораро тавзеҳ намуда, якҷоя бо он маънои мураккаби конкретиро ифода менамоянд.
б) Дар ин ибораҳо калимаи тобеи таркиби ибораи содда маҳз дар ҳамин маврид бо калимаи асосӣ аз ҷиҳати грамматикӣ тобеъ буда, маҳз дар ҳамин таркиб ва ба воситаи он ба калимаи асосии тамоми ибора алоқаманд мегардад. Аз рӯи ин хусусият фарқи ибораҳои гурӯҳи дуюм аз якум хеле равшан намоён мегардад: дар ибораҳои гурӯҳи дуюм бар акси ибораҳои гурӯҳи якум, на ҳар кадом калимаи алоҳида, балки тамоми калимаҳо якҷоя калимаи асосиро шарҳу эзоҳ медиҳанд.
в) Дар ибораҳои гурӯҳи дуюм, бар акси ибораҳои гурӯҳи якум, вариантнокӣ ва ҷойивазкунии компонентҳо аз имкон берун аст. Масалан, симоҳои бузург бисёр, китоби чоп шуда ба наздикӣ намегӯянд.
г) Ин ибораҳо низ дар қолаби ибораҳои содда, ибораҳои дукалимагӣ бунёд шудаанд, бинобар ин онҳо низ моҳиятан ҷуфтанд: китобҳои ба наздикӣ чопшуда — китобҳои чопшуда, симои бисёр бузург — симои бузург.
- Гурӯҳи сеюми ибораҳои мураккаб ин тавр сохта мешаванд: калимаи асосӣ + ду-се калимаи тобеъ, ки байни худ алоқа

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё