Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
мешаванд: ҳавзи васеъ, соати тилло, хеле зебо, зуд рафтан, аз мактаб омадан, ба саёҳат рафтан ва монанди инҳо. Сохта шудани ибораҳо аз ду калима аз ҳодисаҳои асосӣ ва маъмули ибора ба шумор меравад.
Ибораҳое, ки аз се ё бештар калимаҳои мустақилмаъно сохта шудаанд, ибораҳои мураккаб номида мешаванд. Дар ташкили ибораҳои мураккаб, бар акси ибораҳои содда, камаш ду воситаи грамматикӣ иштирок мекунад.
Ибораҳои мураккаб асосан аз рӯи се қоидаи зерин ташкил меёбанд:
- Ба ибораи содда калимаи мустақили дигаре илова мегардад. Ин калима гарчи ба калимаи асосӣ тобеъ бошад ҳам, моҳиятан тамоми ибораи соддаро яклухт шарҳу эзоҳ медиҳад: косаи чинии қадима, барҷастатарин осори меъморӣ, бисёртар ба шараф ноил шудан ва амсоли инҳо.
Ин гурӯҳи ибораҳои мураккабро дар схема ба тарзи зайл нишон додан мумкин аст:
Дар мисолҳои мазкур дар натиҷаи бо калимаи дигар тафсил ёфтани ибораи содда ибораи нав — ибораи мураккаб ба вуҷуд омадааст, ки мафҳуми нисбатан мураккабтареро ифода менамояд.
Хусусияти асосӣ ва фарқкунандаи ибораҳои мураккаби гурӯҳи якум аз инҳо иборат аст: а) Калимаи тобеъ ибораи соддаро шарҳ медиҳад, бинобар ин вай мазмунан на фақат ба калимаи асосӣ, балки ба ҷузъи дуюми он низ дахл дорад; б) Калимаи нави тобеъ аз рӯи имконияти тафсилёбии калимаи асосӣ ба миён омада, бо ёрии яке аз воситаҳои грамматикӣ бо вай алоқаманд мегардад; в) Калимаи нав ва калимаи тобеи ибораи содда берун аз ин ибора аз ҷиҳати грамматикӣ ва маъно бо ҳам алоқаманд нестанд. Масалан, барҷастатарин меъморӣ намегӯянд. Барои ҳамин ҳам дар ибораҳои гурӯҳи мазкур вариантнокӣ ва ҷойивазкунии калимаҳои гурӯҳи тобеъ имконпазир аст. Чунончи: косаи чинии қадима — косаи қадимаи чинӣ, бисёртар ба шараф ноил шудан — ба шараф бисёртар ноил шудан, барҷастатарин осори меъморӣ — осори меъмории барҷастатарин.
- Сохти ибораҳои мураккаби гурӯҳи дуюм чунин аст: калимаи асосӣ + ибораи тобеи содда: симои бисёр бузург, рӯи доим хашмолуд, шкафи пур аз китоб, пайраҳаҳоро пур карда рафтуоӣ намудан, китоби ба наздикӣ чопшуда, ба девор такякунон гуфтан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё