Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳиссачаҳои саволии оё, магар, наход, на ин ки хоси забони адабӣ буда, ҳиссачаҳои -чӣ, -а дар гуфтугӯ ва ҳиссачаи -мӣ дар шева истифода мешавад.
Ҳиссачаи саволии оё маънои саволиро бо тобиши модалии шубҳа ифода мекунад. Вай бештар дар аввали ҷумла ва гоҳо дар мобайни аъзоҳои ҷумла, пеш аз калимае меояд, ки задаи мантиқӣ гирифтааст:
Оё сангрезакашониатонро дар хотир доред? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Оё ба ӯ ҳамин нуктаро гуфтан ҷоиз бошад? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Оё аз ин бадбахтӣ ва мусибатҷо ягон роҳи халосӣ ҳаст ё не? (С. Улуғзода, Восеъ). Шумо оҳу нолаи кирмаки гуруснаро оё шунидаед? (Р. Ҷалил, Маъвои дил).
Ҳиссачаи магар саволро бо тобиши тахмин ва шубҳаву гумон ифода мекунад. Ин ҳиссача бештар дар аввали ҷумла воқеъ мегардад, ҳодисаи дар байни аъзоҳо ва дар охири ҷумла омадани вай низ мушоҳида мешавад:
Магар ту ашӯлаи граммафонро нашунидай? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Онҳо магар бисёранд? (Р. Ҷалил, Шӯроб). Охир, дар он мусофирати душвори пур аз хорию зорӣ магар Ниёз мӯниси ӯ набуд? (С. Улуғзода, Восеъ). Мо ҳазлбозӣ карда истодаем магар? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Ҳиссачаи наход (наход ки) саволро бо тобиши тааҷҷуб, нобоварӣ ва норозӣгӣ ифода мекунад. Ин ҳиссача асосан дар аввали ҷумла меояд.
Наход ки мо минбаъд дар ҳамин ҷо зиндагӣ кунем? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Наход ки хондан ва маълумот гирифтан ба ман насиб нашуда бошад? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Наход ки аз шӯриш пушаймон шуда бошанд? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Наход ҳамин хел сахт гап зананд? (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ).
Ҳиссачаи на ин ки дар ифодаи савол ва тобиши маъно ҳамчун синоними ҳиссачаи наход истифода мешавад:
На ин ки шумо ҳам ба ҳамин гапҳои вай бовар карда бошед! (Р. Ҷалил, Маъвои дил).
Ҳиссачаи саволии чӣ ду мавриди истифода дорад: 1) ҳамчун калимаи иловагӣ пеш аз ҷумлаи саволӣ омада, маънои саволро пешакӣ огоҳу таъкид мекунад. Дар ин мавриди ҷумлаи саволӣ бо дигар воситаҳои саволӣ меояд:
Чӣ, магар аз омадани мо хабар надоштааст? (Р. Ҷалил, Маъвои дил);
- баъд аз ҷумла ва ё калимаи алоқаманд омада пурсишро ифода мекунад. Ин савол маънои муҳокима ва таклифро низ дорад. Дар ин гуна мавридҳо ҷумлаи саволӣ аксар вақт аз як калимаву ҳиссачаи саволӣ иборат мешавад:
— Сеялкаро вайрон карда пахтаи чанд гектар заминро холибеҳ кардӣ, лекин дар сояи меҳнати пайдарпай ин корро безарар карда гузарониданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё