Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
— Пунбадонаҳои сараро дуздида ба ҷои онҳо пунбадонаи пучак ҳамроҳ карданам-чӣ?
— Илоҷи онро ҳам ёфтанд...
— Культиватор-чӣ?
— Вай ҳам безарар гузашт...
— Ҷӯй-чӣ?
— Дар ин ҷо ҳам ғайр аз меҳнати умумии якрӯзаи колхозчиён зарари дигаре нашуд.
— Корҳои бар болои поруи мазданӣ кардагиам-чӣ?
— Аз ин ҷиҳат қадре зарар расид...
— Хуб, фалокатҳои ба сари Ҳасан бархезондаам-чӣ? (С. Айнӣ, Куллиёт). Шумо хонед-чӣ? Айнаки ман дар хона мондааст (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҳиссачаи саволии -а саволи иловагиро бо тобишҳои муҳокима ва гумон мефаҳмонад. Бинобар ин ҳамчун воситаи дуюми ифодаи маънои савол воқеъ мегардад:
Ба ин таклифи ман розӣ шудӣ-а? (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Наход ягон тир холӣ накарда таслим шуданд-а? (Р. Ҷалил, Шодӣ).
Ҳиссачаи -мӣ пурсишро бо таври муҳокимаю таклиф мефаҳмонад:
Ҳой, Собир, ту ба мактаб немеравӣ-мӣ? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Акнун ту мулло шудам, доно шудам гуфта, аз хӯроки мо ҳазар мекунӣ-мӣ (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Як маслиҳат диҳам-мӣ? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Модарҷон, ман ҳам олу чинам-мӣ? (С. Айнӣ, Куллиёт).
ҶУМЛАИ АМРИ
Ҷумлаҳои амрӣ фармон ва супоришро мефаҳмонанд, ҳамчунин маънои даъват, хоҳиш, илтимос ва маслиҳатро ифода мекунанд. Ба кадоме аз ин маъноҳо омадани ҷумлаҳои амриро вазъияти нутқ ва матн нишон медиҳад. Хабари ҷумлаи амрӣ бо феъли фармоиш ифода мешавад, ки он бо сиғаи амр баробар аст.
- Ҷумлаҳое, ки маънои фармон, амр ва супориш доранд, гурӯҳи асосии ҷумлаҳои амриро ташкил медиҳанд:
Ҳозир ба он ҷо баргард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дастҳои якдигарро бандед, овозҳотонро набароред (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳатман ба дасти муаллима Аҳмадова супоред (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунчакӣ). Шимоён ҳам бароед, ба молҳо хӯрок диҳед. Кулф задани дарвозаро аз хотир набаро-ред (С. Айнӣ, Куллиёт). Ту, Давлат, дар ҳамин ҷо мон, ту, уко, ба дами дари берун баромада ист ва ба ҳеҷ кас гирифта бур-дани ягон хасро ҳам намон (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Дар ҷумлаҳои зерин амр бо лутфу марҳамат, хеле нарм ифода шудааст:
Рав, баррачаи оча, кордро оварда харбузаашро куш. Биё,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё