Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
мебахшетон (Р. Ҷалил, Шӯроб). Авбалан, маро, олиҷоҳ авф мефармоед, дар наздатон беодобӣ ва густохӣ кардам (Р. Ҷалил, Шӯроб).
- Ҷумлаҳои амрӣ, ки маънои таклиф доранд:
Марҳамат карда нишинед (Р. Ҷалил, Шӯроб). Канӣ, аз боло гузаранд ҷаноби волосрной, шумо ҳам ҷаноб (Р. Ҷалил, Шӯроб). Омадӣ, Давлатҷон, канӣ, ин ҷо биё, аввал як шустушӯ карда гир (Р. Ҷалил, Шӯроб).
- Ҷумлаҳои амрӣ, ки маънои зорӣ ва илтиҷо доранд: Ҷон бобо, ман ҳамроҳи ӯ равам (Р. Ҷалил, Шӯроб). Аминҷон, ақаллан як пиёла чой нӯшед (Р. Ҷалил, Шӯроб). Маро сар диҳед, илоҳӣ умри дароз бинед (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Хабари ҷумлаҳои амрӣ ҳамчун қоида бо сиғаи амрии феъл ифода мешавад. Дар ин гуна ҷумлаҳо сухан ба шахси дуюм нигаронида мешавад, ки он асосан иҷрокунандаи супориш ва амру фармон аст. Ба ин вазифа ҳар ду шакли сиғаи амр — ҳам танҳову ҳам ҷамъ баробар кор фармуда мешаванд. Дар назм бо префикси ме- омадани сиғаи амр мумкин аст:
Мебош табиби исавиҳуш,
Аммо на табиби одамикуш.
(Н. Ганҷавӣ)
Дар забони адабии тоҷик гоҳо муроҷиат ба шахси дуюм тааллуқ дошта бошад ҳам, иҷрои супориш ҳам ба шахси якум ва ҳам ба шахси дуюм мансуб аст. Дар ин гуна мавридҳо хабари ҷумла бо шахси якуми ҷамъи сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ ифода мешавад, ки ба феъли фармоиш ҳаммаъност:
...биё, ба сари дастархон бо ҳам нишинем (С. Айнӣ, Куллиёт). Марҳамат кунанд, ҷаву гандумҳоро аз назар гузаронем (С. Айнӣ, Куллиёт). Фикри мутаваллиро ҳам шунавем (С. Айнӣ, Куллиёт). Канӣ гузаред, дустам, ба назди меҳмонҳоятон дароем (Р. Ҷалил, Шӯроб). Гардед, рафтем (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Маънои амру даъват бо шакли шуҳудии замони гузаштан сиғаи хабарӣ низ ифода мешавад: Рафтем, дӯстон, хун ба хун, ҷон ба ҷон (С. Улуғзода, Восеъ). Хуб шудааст, ман рафтам (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Ба вазифаи амр омадани шакли шумораи танҳои шахси якуми сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ низ мумкин аст:
Ман ҳам ба сари қура рафта бихобам,— гуфт,— вақти омадани гурзҳо наздик расидааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Ин тавр бошад, ин хизматро ман кунам,— гуфта арбоб аз ҷояш хест, ҷомаашро кашида ба як сӯ партофт, ғалберро гирифта ба сари чош рафта нишаст (С. Айнӣ, Куллиёт). Сабр кун,— гуфт,— ту зудтар ягон хӯрок тайёр кун, ман коҳдонро кушода ба хару гов хӯрок диҳам (С. Айнӣ, Куллиёт).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё