Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
метавонад, ки аффрикараи ҷ ба ж табдил шудааст. Дар калимаҳои шиннӣ ва ҷиннӣ овози димоғии н-и дуюми онҳо ба овози нӯгизабонии д иваз мешавад (масалан, дар лаҳҷаи Бухоро). Калимаи иҷтимоӣ ба шакли иштимоӣ талаффуз мешавад, ки дар ин ҷо овози ҷ ба овози ш иваз шудааст. Ин ҳодиса низ ҳодисаи диссимилятсионӣ мебошад.
Чунон ки дида мешавад, дар ассимилятсия ба ҳам наздик ва монандшавии овозҳо, вале дар диссимилятсия, баръакс, аз ҳам дур шудани характери овозҳо мушоҳида мешавад.
Метатеза
Дар байни калима гоҳо овозҳо ҷойҳои худро бо ҳам иваз мекунанд, ин ҳодиса дар забоншиносӣ метатеза (ҷойивазкунӣ) ном дорад. Ин ҳодиса низ аслан ба лаҳҷаҳо тааллуқ дорад. Масалан, дар калимаи ҷурғот овози ғ бо р ҷои худро иваз кардааст. Дар калимаи ҳавло л ва в ҷойҳои худро (бештар дар забони кӯдакон) иваз кардаанд.
Таърихан нигарем, дар калимаҳои аслан арабии хурма (хумра), қулф (қуфл), кифт (китф) ва дар калимаҳои аслан тоҷикии сурх (дар паҳлавӣ сухр), барф (дар паҳлавӣ вафр) низ ҳодисаи метатезаро мушоҳида мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё