Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
МОРФОЛОГИЯ
ИСМ
МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ИСМ
Исм ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, предмет ва мафҳумҳои предметонидашударо ифода мекунад. Исм ҳамчун гурӯҳи луғавию грамматикии калимаҳо номи предметҳои конкрет, ҷонварон, ҷисмҳои моеъ, ҳодисаҳои олами табиӣ, мафҳумҳои абстрактро дар бар мегирад. Маънои предметии исм маҳз дар он зоҳир мегардад, ки танҳо исм предметҳои конкретро ифода мекунад. Дар ин мавриди маънои луғавию грамматикии исм ба ҳам мувофиқат карда, предметро мефаҳмонад. Асоси исмро номи предметҳо ташкил медиҳад.
Вазифаи синтаксисии исм гуногун аст. Исм дар ҷумла пеш аз ҳама мубтадо ва пуркунанда шуда меояд ва бо ин хусусияти худ аз дигар ҳиссаҳои нутқ фарқ мекунад:
Қудрати парвои мо ҳамдами сайёра кард,
Моҳи сунъиро ба мо дар арш чун гаҳвора кард.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
Ба вазифаи мубтадо ва пуркунанда дигар ҳиссаҳои нутқ вақте меоянд, ки дар ҷумла ба вазифаи исм оянд, ё ки ба ин ҳиссаи нутқ гузашта бошанд.
Вақте ки исм ба вазифаи мубтадо меояд, хабар бо он аз ҷиҳати шахсу шумора мувофиқат мекунад. Исм ба вазифаи хабар фаровон истифода мешавад. Вай ҳангоми хабар шуда омаданаш бандакҳои хабарӣ мегирад, бе бандаки хабарӣ омадани исм кам воқеъ мегардад.
Муайянкунандаи соҳибӣ ва баёния бештар бо исм ифода мешаванд: дили модар, хонаи Нодир, овози булбул, нависанда Садриддин Айнӣ.
Исм бештар ҳамчун муайяншаванда вомехӯрад. Исмро сифат, шумора, ҷонишин ва сифати феълӣ муайян мекунад. Мисол: Дарахти баланд, ошёнаи панҷум, духтари ман, гули шукуфта.
Исмҳо ба вазифаи ҳол низ меоянд. Исм ягона ҳиссаи нутқест, ки ба вазифаи ҳамаи аъзоҳои ҷумла омада метавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё