Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

овози баъдина овози аз худ пешояндаро ба худаш монанд мекунад. Мисоли ассимилятсияи регрессивӣ талаффузи калимаи ибтидо шуда метавонад, ки ҳангоми талаффузи он бо таъсири овози беҷаранги т (дар гуфтугӯ) овози ҷарангдори б-и пеш аз он омада ба овози беҷаранги п мубаддал мегардад, дар натиҷа он калима дар шакли иптидо талаффуз мешавад. Дар талаффузи калимаи обпарто ҳам ҳамин ҳодисаро мушоҳида мекунем. Калимаи татбиқ-ро баъзеҳо тадбиқ талаффуз мекунанд (ҳатто менависанд), дар ин маврид мо бо таъсири овози ҷарангдори б ҷарангдоршавии овози т-и пеш аз он омада, яъне ба овози ҷарангдори д мубаддал шудани онро мебинем. Дар калимаи анбор овози ҳамсадои нӯгизабонии н ба овози дулабии м мубаддал мешавад, зеро ки овози пеш аз он омадаи б овози н-ро ба худ монанд мекунад.

Дар ассимилятсияи прогрессивӣ овози пешомада овози баъдинаро ба худ монанд мекунад. Дар талаффузи калимаҳои қасд ва тасдиқ овози д ба т табдил меёбад, ки ин ҳодиса дар натиҷаи таъсири овози беҷаранги с-и пеш аз д омада рӯй додааст.

Дар забони тоҷикӣ ассимилятсияи регрессӣ нисбатан характернок аст.

Ассимилятсияро мувофиқи миқдори тағйир ёфтани характери овози ба ассимилятсия дучоршуда ба ду навъ ҷудо мекунанд: куллӣ ва ҷузъӣ. Агар овози ассимилятсияшаванда сифати худро иваз кунаду ба овози ассимилятсиякунанда тамоман монанд шавад, ассимилятсияи куллӣ ба вуҷуд меояд ва агар овози ба ассимилятсия дучоршуда яке аз хусусиятҳои артикулятсионии худро гум кунад, ассимилятсияи ҷузъӣ ба амал меояд.

Дар забони адабии тоҷик ассимилятсияи куллӣ вуҷуд надорад. Ин навъи ассимилятсия дар лаҳҷаҳои гуногуни забони тоҷикӣ вомехӯрад, монанди шуштан талаффуз шудани калимаи шустан, ки дар ин ҷо овози с тамоман ба ш монанд шудааст. Дар шакли кутта талаффуз шудани калимаи курта низ ассимилятсияи куллӣ мушоҳида мешавад.

Дар қасд талаффуз шудани калимаи қасд мо ассимилятсияи ҷузъиро мушоҳида мекунем, зеро дар ин маврид овози ҷарангдори д фақат як хусусияти худ, яъне ҷарангдории худро зери таъсири овози беҷаранги с гум кардаасту халос.

Диссимилятсия

Дар нутқи гуфтугӯӣ ва дар лаҳҷаҳо гоҳо яке аз ду овози якхела ва ё яке аз ду овози аз ҷиҳати артикуляция ҳамчинс ба овози артикуляцияаш дигаре табдил меёбад, ки ин ҳодиса диссимилятсия ном дорад. Ба ҳодисаи диссимилятсия ҳамчун аждод талаффуз шудани калимаи ачдод мисол шуда

пешина
аз 457
навбатӣ