Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

КАТЕГОРИЯҲОИ ИСМ

Исм дорои категорияҳои махсуси морфологӣ мебошад. Категорияи шумора ва номуайяниву муайянии хоси исманд. Ин категорияҳо дорои маънои грамматикӣ ва шакли махсуси морфологӣ буда, бо маънову шаклашон аз дигар исмҳо фарқ мекунанд ва ба онҳо муқобил меистанд. Масалан, исмҳои шабҳо ва хонаҳо ҳам аз ҷиҳати маънои грамматикӣ ва ҳам аз ҷиҳати шакл аз калимаи шаб ва хона фарқ мекунанд ва ба онҳо муқобил меистанд.

Як гурӯҳ исмҳо, масалан, исмҳои шахс ва ғайришахс, ҷинс ва хос, конкрет ва абстракт аз ҳам на танҳо аз ҷиҳати маъно, балки аз ҷиҳати тағьирот, калимасозӣ ва категорияҳои грамматикӣ фарқ мекунанд.

Исмҳои шахс ва ғайришахс

Мисолҳои забони тоҷикӣ ва таҳлили онҳо нишон медиҳанд, ки исмҳоро ба ду гурӯҳ: исмҳои ифодакунандаи шахс ва ғайришахс тақсим кардан мумкин аст. Ин ду гурӯҳ исмҳо на танҳо аз ҷиҳати маъно, балки аз рӯи тамоилашон ба қабул кардан ва накардани шаклҳои грамматикӣ, мувофиқати хабар бо онҳо ва аз ҷиҳати калимасозӣ аз ҳам фарқ карда, ба якдигар муқобил меистанд. Масалан, дар забони тоҷикӣ танҳо исмҳои шахс ба саволи кӣ? ҷавоб мешаванд. Дар забони адабии тоҷик агар исмҳо бо шумораи миқдорӣ ва нумератив оянд, аломати ҷамъбандӣ қабул намекунанд ва ин дар ҷамъбандии ҳамаи исмҳои ғайришахс риоя карда мешавад. Масалан, чор сар гов ва ду дона анор мегӯянд, вале ҳеҷ гоҳ чор сар говҳо ва ду дона анорҳо гуфтан мумкин нест, аммо дар ҷамъбандии исмҳои шахс ин қоида ҳукмрон нест. Масалан, даҳ нафар колхозчӣ ва даҳ нафар колхозчиён гуфтан мумкин аст.

Тафовути дигари исмҳои шахс аз исмҳои ғайришахс дар мувофиқати хабар бо онҳо мушоҳида мешавад. Чунончи, хабар бо исмҳои шахс, ки мубтадо шуда омадаанд, ҳамеша мувофиқат мекунад, вале агар исмҳои ғайришахс мубтадо шуда оянд, гоҳо ин қоида риоя намешавад. Масалан, исми ғайришахс ба вазифаи мубтадо дар шакли ҷамъ ояд ҳам, гоҳо хабар дар шакли танҳо меояд ва ин нодуруст нест. Гоҳо исмҳои шахс дар шакли танҳо мубтадо шуда оянд, хабар дар шакли ҷамъ омада, муносибати субъективӣ — эҳтиромро ифода мекунад, ки ин ҳолат ҳангоми мубтадо шудани исмҳои дигар рӯй намедиҳад. Агар мубтадо бо исмҳои ҷомеи ғайришахс ифода шуда бошад, он гоҳ хабар дар шакли танҳо меояд, вале агар мубтадо бо исмҳои ҷомеи ифодакунандаи шахс ифода шуда бошад, хабар дар шакли ҷамъ низ

пешина
аз 457
навбатӣ