Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

омада метавонад: Мардум омад. Мардум омаданд. Суффикси ҷамъбандии -ино танҳо бо исмҳои шахс меояд.

Тафовути исмҳои шахс ва ғайришахс дар тарзҳои морфологии калимасозӣ равшан зоҳир мешавад.

Исмҳои ҷинс ва хос

Исмҳо ба ду гурӯҳ: исмҳои ҷинс ва хос ҷудо мешаванд. Исмҳои ҷинс номи умумии предметҳои ҳамҷинс ва амалу ҳолат мебошанд. Мисол: одам, дарахт, кӯл, дарё, шаҳр, сурат, некӣ, гармӣ ва ғайра.

Исмҳои хос ба шахс ва предметҳои алоҳида мансубанд, онҳо барои аз предметҳои ҳамҷинсашон фарқ кунонидани одамон ва предметҳои ҷудогона истифода мешаванд. Масалан, номи умумии исмҳои хоси Аму, Сир, Зарафшон, Вахш ва ғайра дарё мебошад, вале дар асоси хусусиятҳои фарқкунандаашон ба онҳо номҳои алоҳида гузоштаанд, ки онро исми хос меноманд. Ба ҳамин тариқ, шаҳр исми ҷинс, вале Москва, Душанбе, Панҷакент, Самарқанд, Тошканд исмҳои хос, одам, инсон исмҳои ҷинс, аммо Зафар, Ғолиб, Ширин, Садаф исмҳои хос мебошанд. Ҳамин тавр, номи махсуси одамон, фамилия, номҳои географӣ, воқеаи таърихӣ, дарё, кӯл, баҳр, уқёнус, номи асарҳо, рӯзнома, журнал, номҳои астрономӣ ва ғайра, инчунин лақаб ва тахаллусҳо ба гурӯҳи исмҳои хос дохил мешаванд.

Дар забони адабии ҳозираи тоҷик барои сохтани фамилия, номи падар ва тахаллус воситаҳои махсуси грамматикӣ ҳастанд. Чунончи, суффикси -ӣ ҳам тахаллус, ҳам фамилия ва ҳам номи падар месозад: Рӯдакӣ, Ҷомӣ (тахаллус), Зарифӣ, Раҳимӣ, Ансорӣ, Асрорӣ (фамилия ва номи падар). Фамилия ва номи падар инчунин ба воситаи калимаи зода ҳам сохта мешавад: Турсунзода, Мирзозода ва ғайра.

Дар забони адабии ҳозираи тоҷик фамилия ва номи падар бештар ба воситаи суффиксиҳои аз забони русӣ гирифташудаи -ов, -ев, -ова, -ева, -ович, -евич, -овна, -евна сохта мешаванд: Одил Зокирович Собиров, Зафар Шукурович Шодиев, Дилбар Латифовна Бозорова, Зебо Кабировна Абдуллоева.

Исмҳои ҷинсу хос на танҳо аз ҷиҳати маъно, балки бо хусусиятҳои хоси грамматикиашон низ аз ҳам фарқ мекунанд. Чунончи, категорияи ҷамъ танҳо ба исмҳои ҷинс мансуб аст. Исмҳои хос ҳамон вақт дар шакли ҷамъ истифода мешаванд, ки чун образ, намояндаи ҳамон синфу гурӯҳ ва ё хонавода тасаввур карда шаванд: чкаловҳо, романовҳо, гулбибиҳо, шарифҳо, одинаҳо, камолҳо.

Исмҳо низ ҳастанд, ки на номи предметҳои алоҳида, балки аз предметҳои ҳамҷинси гурӯҳи предметҳоеро ҷудо мекунанд, ки онҳо аломати аз ҳамҷинсҳояшон фарқкунанда доранд.

пешина
аз 457
навбатӣ