Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Ба ин гурӯҳ тамғаи автомобилҳо («Волга», «Чайка»), телевизор («Рекорд», «Темп», «Радий»), радио, навъҳои конфет ва амсоли инҳо дохил мешаванд. Ҳодисаи аз исмҳои ҷинс ба исми хос гузаштани калимаҳо низ ҷой дорад. Ин ҳолат вақте ба амал меояд, ки вай номи предмет ва ё ҳодисаҳои алоҳидаро ифода намояд. Дар чунин ҳолатҳо аз ҳамҷинсонашон ҷудо кардани он ногузир шуда мемонад. Чунончи, калимаи гулистон, ки исми ҷинс ва ифодакунандаи макон аст, дар бисёр ҷойҳо номи деҳа ва шаҳр интихоб шудааст. Дар чунин маврид ин номҳо исми хос ҳисоб мешаванд. Исмҳои хоси Шаҳристон, Регистон, Марғзор, Ҳисор, Варзоб, Кӯлоб, Шер, Санг ва амсоли инҳо бо ҳамин роҳ ба вуҷуд омадаанд.
Баъзан исмҳои ҷинсе, ки шахсро далолат мекунанд, ҳамчун номи ин ё он маҳал ва ё район ба исми хос мегузаранд ва маконро ифода менамоянд: Колхозчиён (номи район ва посёлка), Оҳангарон, Мисгарон (номи деҳа, гузар).
Баъзан ҳамчун исми хос истифода шудани исмҳои абстракт низ мушоҳида мешавад. Колхозу совхозҳои «Дӯстӣ», «Ҳосилот», «Меҳнат», «Зафар» ба ҳамин гурӯҳ мансубанд.
Падару модарон бисёр калимаҳои хубу хушоҳангро номи фарзанд интихоб мекунанд, ки ба ин васила ин калимаҳо ба исми хос мегузаранд. Исмҳои хоси Садаф, Шарофат, Зафар, Шер, Қаҳрамон, Олим, Савсан, Садбарг, Ситора ва ғайраҳо ҳамин тарз ба вуҷуд омадаанд.
На танҳо исмҳои ҷинс, балки сифатҳои аслӣ ва нисбӣ ҳам ҳамчун номи одамон ва ҳайвоноти хонагӣ ба категорияи исмҳои хос мегузаранд. Номҳои одамон Раъно, Зебо, Ширин, Савсан, инчунин лақабҳои ҳайвоноти хонагӣ Барфак, Холдор, Сиёҳқундуз, Қашқа аз ҳамин қабил исмҳо мебошанд.
Исмҳои конкрет ва абстракт
Исмҳое, ки инсон ва предметҳои олами ҳастиро ифода менамоянд, исми конкрет ном доранд: модар, ҳамшира, гул, дарахт, санг, кӯҳсор ва ғайра.
Хусусияти грамматикии исмҳои конкрет дар шумурдашавандагиашон буда, миқдори онҳоро бо рақам низ таъин кардан мумкин аст: ду бародар, се дарахт, даҳ стул, сад танга.
Исмҳои конкрет ҳам дар шакли танҳо ва ҳам ҷамъ истеъмол мешаванд:
Деҳқонон каланду бел дар даст молҳои кориро пеш андохта, ба қишлоқ баргаштанд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
Исмҳои моеъ ба гурӯҳи исмҳои ҷинси конкрет мансубанд. Онҳоро тақсим ва чен кардан мумкин бошад ҳам, мисли дигар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё