Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
исмҳои конкрет донашумур кардан мумкин нест. Ба ин гурӯҳ исмҳои конкрети типи зерин дохил мешаванд: нефть, бензин, керосин, об, равған, шароб, май ва ғайра.
Яке аз аломатҳои грамматикии исмҳои моеъ аз он иборат аст, ки онҳо шакли ҷамъ надоранд. Баъзе аз исмҳои мазкур гоҳо дар шакли ҷамъ воқеъ мегарданд, вале ин ҳолат шумурдашавандагии он предметҳоро далолат намекунад ва аз категорияи ҷамъи исмҳои шумурдашаванда фарқ мекунад. Чунончи, дар мисоли «Обҳо гелида рӯи марғзорҳо меравад» суффикси -ҳо миқдори зиёди об ва шумурдашавандагии онро намефаҳмонад, балки бо ниятҳои услубӣ ва манзараофарӣ истифода шудааст.
Маълум аст, ки баъзе калимаҳо ба якчанд маъно истифода мешаванд. Аз ҳамин нуқтаи назар агар об ба маънои нӯшокӣ истифода шавад, суффикси ҷамъбандӣ қабул намекунад, дар ин ҳолат миқдори онро ченакҳои махсус таъин мекунанд, вале агар об ба маънои дарё, ҷӯй, ҷӯяк ва амсоли инҳо истифода шавад, инчунин дар хусуси навъҳои он (обҳои газнок) сухан равад, он гоҳ суффикси ҷамъбандӣ қабул мекунад.
Баъзе исмҳои конкрет агарчи моеъ набуданд ҳам, бо хусусияти шумурданашавандагиашон ба ҳамин гурӯҳи исмҳо мансубанд. Исмҳои ғалла, гандум, ҷав, зағир, арзан, шакар, оҳак, рег, барф ва амсоли инҳо, ки аз донаҳо ва ҳиссаҳои хурд-хурд иборат буда, шумурданашон номумкин аст, ба ҳамин гурӯҳ дохиланд. Исмҳои қабили исмҳо одатан шакли ҷамъ надоранд. Агар баъзе аз онҳо (масалан, гандум) суффикси ҷамъбандӣ қабул намояд, вай миқдори номуайян ва ё шумурданашаванда будани онҳоро не, балки хелҳои онро далолат мекунад.
Исмҳои абстракт мафҳумҳои амал, аломат ва ҳолатро мефаҳмонанд: бориш, сабзиш, некӣ, бадӣ, гуруснагӣ ва ғайра.
Исмҳои абстракт асосан дар шакли танҳо воқеъ мегарданд. Баъзан дар шакли ҷамъ омадани онҳо якчанд бор воқеъ шудани он амалу аломат ва ҳолатро далолат мекунад: Некиҳои шуморо фаромӯш нахоҳам кард.
Баъзан барои таъкиди тӯлкашии ҳодисаю воқеаҳо ва риояи услуби гуфтугӯ исмҳои абстракт дар шакли ҷамъ меоянд:
Вақтҳои охир камнамо шудед?
Ифодаи ҷинсият дар исм
Дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҷинсияти табиии исмҳои ҷондор бо тарзҳои гуногун ифода меёбад:
- Бо роҳи луғавӣ. Барои ифодаи ҷинсият калимаҳои махсусе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё