Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
истифода мешаванд, ки дар як вақт ҳам ҷинсият ва ҳам ба кадом гурӯҳи исмҳо (одамон, ҳайвонот ё паррандагон) мансуб будани онҳоро далолат мекунанд. Чунончи, калимаҳои мард, зан, духтар, писар нисбат ба одамон нар, мода нисбат ба ҳайвонот ва хурӯсу мокиён нисбат ба паррандагон истифода мешаванд.
Дар забони тоҷикӣ маънои аксари исмҳои ифодакунандаи шахс ба кадом ҷинс тааллуқ доштани онро низ нишон медиҳанд. Чунончи, ҷинси мардона: амак, тағо, падар, бобо, почо, язна, ако, чӯра, бародар, додар; ҷинси занона: амма, хола, янга, модар, бибӣ, ҳамшира, дугона. Ин гуна калимаҳо дар исмҳои ифодакунандаи ҳайвонот низ дида мешавад: такка, сирка, қӯшқор, меш, ҷавона, ғуночин ва ғайра.
- Бо роҳи калимасозӣ. Калимаҳое, ки ҷинсиятро далолат мекунанд, ҳамчун ҳиссаи калимаи мураккаб воқеъ мегарданд. Аммо дар ин гуна мавридҳо ба воситаи калимаҳои ифодакунандаи ҷинсият исми нав сохта намешавад, балки ба кадом ҷинс мансуб будани ҳиссаи асосӣ муайян мегардад. Аз ин рӯ, вазифаи ин гуна калимаҳо ба вазифаи морфемаи ифодакунандаи ҷинсият мувофиқат мекунад:
Дар вақте ки ман дар яслӣ будам, сменаи якум тамом шуд ва коргарзанони аз кор фориғшуда ба яслӣ омаданд, ки аз он ҷо бачагонашонро гирифта ба хонаҳошон бираванд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ба ғайр аз ходимчӣ аз лӯнгидорҳо боз ду-се нафар хизматгорзан ба фармони вай гӯш ниҳода меистоданд (Ҷ. Икромӣ, Волейболбоздухтарони мо вохӯриро бо дугонаҳои москвагии худ ба ҳисоби 0:3 бохтанд («Маориф ва маданият»). Баъд қудуқчимардак омад (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Ноиб дар ҷавоб баъд аз нақли деҳқони миёнаҳол коркуни фаъол, соҳиби панҷ таноб замин, як сар гови корӣ ва як сар модагов будани Ҳамрорафиқ гуфт... (С. Айнӣ, Куллиёт).
- Баъзе исмҳои шахс дар ду шакл воқеъ мешаванд, ки яке ҷинси мардона ва дигаре ҷинси занонаро далолат мекунад: котиб-котиба, муаллим-муаллима, шоир-шоира, ходим-ходима, олим-олима, мураббӣ-мураббия, мухбир-мухбира. Ин калимаҳо бо ҳамин шаклашон аз забони арабӣ ба тоҷикӣ дохил шудаанд:
Пас аз фурсате Бузургуммед, Шопур, Баён, мусиқачиён, раққос ва раққосаҳо, инчунин дигарон медароянд (А. Деҳотӣ, Куллиёт). Ба ходима фармоям гӯям, дилам наосуд («Садои Шарқ»).
Дар барат тоҷик чун хеши ту буд,
Шоира Амрита дар пеши ту буд.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё