Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Ин ҳолат дар исмҳои хос низ мушоҳида мешавад: Олим — Олима, Нодир — Нодира, Шамсӣ — Шамсия, Комил — Комила.

Ин тарзи ифода дар калимаҳое, ки аз забони русӣ ва ё ба воситаи он ба таркиби луғавии забони адабии тоҷик дохил шудаанд, низ мушоҳида мешавад: пионер — пионерка, комсомол — комсомолка, коммунист — коммунистка, санитар — санитарка, студент — студентка, акушер — акушерка ва м. ин.

Бояд қайд кард, ки бо суффикси -а ва -ка исмҳо аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ дохил шуда, бо ҳамон шаклу маъно дар таркиби луғвӣ мондаанд. Ифодаи ҷинсияти табиӣ дар забони тоҷикӣ бо роҳи калимасозӣ, ба воситаи калимаи мустақилмаъно ба амал меояд. Ин тарзи ифода дар калимаҳое, ки аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ дохил шудаанд, низ мушоҳида мешавад: колхозчизан, аграномдухтар, комсомолдухтар ва ғайра.

Категорияи муайянӣ ва номуайянии исм

Исм дорои категорияи номуайянӣ мебошад. Номуайянии исм ба воситаи артикли -е ифода меёбад. Артикли -е бо ҳамаи хелҳои исм омада метавонад. Ин аст, ки артикли -е аломати грамматикӣ ва нишондиҳандаи исм ҳамчун ҳиссаи нутқ ба шумор меравад. Ҳар як ҳиссаи нутқ, ки дар ҷумла ба вазифаи исм меояд, баробари дигар категорияҳои исм артикли -е-ро қабул мекунад.

Артикли -е хусусияти зиёди грамматикӣ дорад. Ҳар як вазифаи вай маҳз дар матн зоҳир мегардад.

Артикли -е ин ё он калимаро аз байни анбӯҳи ҳамҷинсонаш ҷудо намуда, муносибати предметии онро равшан карда, бо ин роҳ онро аз муносибати мантиқиаш истисно мегардонад. Чунончи, дар ҷумлаи «Аз ин кӯча одам гузаштааст» калимаи одам ба тамоми исмҳои ҳамҷинсаш тааллуқ дошта, муносибати он ҳамчун категорияи луғавию мантиқӣ зоҳир мегардад, яъне аз ин кӯча одам гузаштааст, на чизи дигар. Ин аст, ки калимаи одам дар ин мисол мафҳуми басо васеъ дорад, вай гурӯҳи одамонро не, балки мафҳуми тамоми одамонро дар худ таҷассум намуда, ба дигар предметҳо муқобил гузошта шудааст.

Дар ҷумлаи «Аз ин кӯча одаме гузаштааст» калимаи одам мафҳуми умумӣ надорад ва ҳамаи ҳамҷинсонашро дар бар намегирад. Дар ин мисол исми одам бар хилофи мисоли аввал нисбати мантиқӣ надорад, балки мафҳуми махсус гирифтааст. Дар ин ҷо маҳз гузаштани одам дар назар дошта нашудааст, балки аз тамоми одамон гузаштани касеро далолат мекунад. Ҳамчунин, дар ҷумлаи «Табарро гирифта,

пешина
аз 457
навбатӣ