Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ҳезумро майда кард» номуайянии табар ифода наёфтааст, аммо дар ҷумлаи «Табареро гирифта ҳезумро майда кард» табар муайян нест ва ин номуайянӣ ба воситаи артикли -е ифода ёфтааст. Чӣ хеле ки дида мешавад, артикли -е на танҳо барои нишон додани номуайянии исм, балки барои маҳдуд кардани доираи мафҳуми вай низ хизмат кардааст.
Вазифаи номуайяниро ба кадом муносибат иҷро намудани артикли -е дар матн басо равшан зоҳир мегардад. Матн барои таъин кардани мавқеи истеъмоли артикли -е яке аз воситаҳои асосӣ ба шумор меравад. Исми артиклдор вобаста ба шароити нутқ бо ҳамаи тобишҳояш намудор мешавад. Чунончӣ, дар мисолҳои зерин номуайянии исм дар ҷои аввал меистад:
Чу дидам дар диёри ту хазони бӯстонеро,
Намудам ҷустуҷӯ аз Комде дар он нишонеро.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Ман ҳам он вақтҳо кам-кам шеър мегуфтам, аммо шеъри худро ба касе нишон намедодам (С. Айнӣ, Куллиёт). Шамсия баргашта Ашрафҷонро дид, ки вараққаеро ба вай дароз мекунад (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Баъд аз фурсате боз аз ҷояш хеста ба ҳар тараф чашм андохт, ҳоло ҳам аз душман нишоне, аз биёбон гарде ненамояд (С. Айнӣ, Ғуломон). Ӯ ҳам дар шабҷое, ки ба ҷое ба меҳмонӣ наравад, ин ҷо омада хотири дӯстонон бо ғазале ва суруде шод мекард (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар ҳамин дам аз рӯи ҳавлӣ овози занаке баланд шуд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).
Хусусияти маҳдудкунии мафҳуми луғавии артикли -е дар исмҳои шумурдашаванда ба дараҷае мерасад, ки вай барои номуайянии ягонагии предметро ҳам далолат мекунад:
Дӯст медорад ӯ ҷавонеро,
Писари хубу қаҳрамонеро.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Ҳайрат қаламе ва қоғазе аз кисаи багалии худ бароварда, ҳарфҳои суханони Рустамҷонро, ки дар охири умраш барои нишон додани қотили худ «Азими деҳҷагӣ бо корд зад» гуфта буд, бо ҳисоби абҷад шумурда дид ва ин шумора 1306 баромад (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар исмҳои ченаки вақт: сол, тобистон, зимистон, моҳ, ҳафта, рӯз, соат, дақиқа ва амсоли инҳо артикли -е ягонагии предметро басо равшан ифода менамояд:
Аҳмад-махдум соле як бор ба туманҳои Бухоро саёҳат мекард (С. Айнӣ, Куллиёт). Ӯ ҳафтае як бор ба ҳуҷраи Мулло Рӯзӣ меомад (С. Айнӣ, Куллиёт). Аммо ҳар дуи онҳо дар мадраса ду ҳуҷраро банд карда монда, рӯзе як бор ба он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё