Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҷо омада мерафтанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Баъд аз соате Ашрафҷон Ҳоҷи Абдулазизро бо духтараш гирифта овард (С. Айнӣ, Куллиёт). Хӯҷаин сар ҳам карда ба фикр фурӯ рафту баъд аз дақиқае сарашро бардошта ба ман нигоҳ карда, ба тап даромад (С. Айнӣ, Куллиёт).

Дар ифодаи номуайяниву ягонагии исмҳо калимаи як низ истифода мешавад ва дар бисёр мавридҳо ҳамчун муродифи артикли -е воқеъ мегардад:

Нобино дар ин ҷои сухани худ бо як сукути андӯҳгинона як сония аз гуфтор бозистод, боз давом намуд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Як шаб, аввали шаб ҳанӯз кӯчаҳо пуродам ва дӯконҳои сари бозори Кӯшмадраса кушода буданд, ки Абдусаттор аз ҳавлиаш барои гӯштхарӣ баромад... (С. Айнӣ, Куллиёт). Шаберо ба сар бурда будам ба хорӣ (П. Сулаймонӣ, Маҷ. шеърҳо).

Ягонагӣ ва номуайянии исм баъзан бо ёрии ҳам артикли -е ва ҳам калимаи як ифода мешавад. Дар чунин маврид як ва артикли -е ҳамдигарро таъкид мекунанд. Ҳамчунин омезиши услуби китобӣ (артикли -е) бо услуби гуфтугӯи халқӣ (бо калимаи як) мушоҳида мешавад:

Мадрасаи Бадалбек дар яке баландиё воқеъ шуда буд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман як рӯзе бо як ҳамроҳи худ аз Когон ба шаҳр омадан мехостам (С. Айнӣ, Куллиёт).

Агар калимаи як ба маънои пурраи шуморагиамаш омада бошад, исм ҳеҷ гоҳ артикль намегирад:

Дар аризаи вай як ҳаллоҷӣ, як чарҳу дук, як пахтасабад, як офтобаи чӯян, як ҷумча, ва табақи сафол ва як дона ҳам деги чӯяни гӯшакшикаста навишта буд (С. Айнӣ, Ғуломон).

Дар ифодаи номуайянӣ ва ягонагии исм калимаи ягон низ истифода мешавад. Вай дар баъзе исмҳо бо артикли -е ҳамчун муродиф зоҳир мегардад: Ҳанӯз дар ҳавлиаш ягон кори зӯртар барояд, ӯ ҳам маро бурда, кардани он корро мефармуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ягон гуноҳ надошта бошанд, барои чӣ онҳоро бароварда сар мезананд? (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

Дар ҳамаи ин мисолҳо калимаи ягон-ро бо артикли -е иваз кардан мумкин аст: кори зӯртаре, гуноҳе.

Дар як исм истифода шудани ҳам калимаи ягон ва ҳам артикли -е низ мушоҳида карда мешавад. Чунончи:

Ягон нақше дида намешавад («Садои Шарқ»). Коргар бунакро бо ягон муносибате... аз устокор мегирад (Ҷ. Ирфон, Дар кулбаи косибон). Пас ягон сабабе будааст, ки аз ин пеш мукотиба доштаанд («Садои Шарқ»). Агар корро бо ягон баҳонае лат диҳад, ба муддати бекориатон баробари коркарди ҳамешагиатон ҳақ диҳад (Ҷ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).

Бо исм ба замми артикли -е ва шумораи як ҷонишини кадом ва ким-кадом омада, номуайянии онро равшан таъкид мекунад, инчунин ба ҷумла тобиши гуфтугӯӣ мебахшад:

пешина
аз 457
навбатӣ