Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Кадом як кас аз тирезаи духтурхона ба рӯи мизи Наталья Павловна ин чормағзро ҳаво дода, худаш ғайб задааст («Садои Шарқ»). Бӯи хлороформ ва боз ким-кадом як бӯи тези нофорам ба димоғ мерасид («Садои Шарқ»).
Дар ҷумла ва ё матн исм дар шакли номуайяни танҳо як бор истифода мешавад ва баъд ҳамчун исми муайян истеъмол шуда, дигар аломатҳои номуайяниро қабул намекунад:
Дар гузаргоҳи роҳ бар рӯи ҷӯй пуле кашида шудааст. Дар он тарафи пул — дар канори шимоли ҷӯй самоворхонаи хушбино, хушҳаво ва жушпалосе буд, ки ҳеҷ гоҳ аз чойнӯшон холӣ намемонад. Мо ҳам дар он самоворхона, дар канори ҷӯй бар рӯи гилеми сурхи қаршигӣ нишаста ба чойнӯшӣ сар кардем (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар ифодаи номуайяни категорияи морфологии шумора бетаъсир нест. Артикли -е дар вазифаи номуайянӣ асосан бо исмҳои ҷомеъ, ки шаклан танҳоянд, истифода мешавад. Чунончи дар мисолҳои зерин артикли -е бо исмҳои ҷомеъ омадааст:
Гурӯҳе мерафтанд, гурӯҳе меомаданд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Дастае аз мотамдорон куртаҳои кабуди дароз пӯшида буданд (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).
Хусусияти ишоратии артикли -е дар исмҳое, ки бар эзоҳи онҳо ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда омадаанд, равшантар зоҳир мешавад.
Чунончи:
Ба сӯи бешаи манзилгаҳи шер
Равад гурге, ки аз ҷонаш бувад сер.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Саг аз гуфтугузоре, ки дар байни чӯпон ва оянда рафт ва ҳам аз фармоне, ки чӯпон ба худаш «чим!... дам бихоб!» гӯён дод, пай бурд, ки оянда як шахси безарар будааст ва ором гирифт (С. Айнӣ, Ғуломон). Хонаҳое, ки ба наздикӣ онҳо кӯчида омадаанд, дар пеши назараш гӯё баралоина намоён гардиданд («Садои Шарқ»).
Артикли исмеро ҷудо карда, ба он хусусияти вай ишора мекунад, ки бо он исм аз дигар ҳамҷинсонаш фарқ мекунад ва он аломати хоси исм маҳз бо ҷумлаи пайрав ифода меё-бад:
Дар шӯтурхонае, ки дар паҳлуи ҳавлӣ буда, ба вай бо як дар мепайваст, дегҳои мисини калонро, ки дар ҳар кадоми онҳо як ман (8 пуд) биринҷро дам кардан мумкин буд, қатор шинонда буданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Вай чун гурбае, ки хонаи мушро мепояд, ба рӯи кӯрпача сукут карда менишаст ва мепоид (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё