Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Дар исмҳое, ки ҷумлаи пайрав аломати онро муайян мекунад, артикли -е ба ишораҷонишинҳо аз ҷиҳати грамматикӣ наздик мешавад ва вазифаи онҳоро ифода мекунад: Одаме, ки дирӯз бо мо сӯҳбат карда буд, Қодир ном доштааст.
Дар ин мавридҳо исми муайяншаванда ҳам бо артикли -е ва ҳам бо ҷонишинҳои ишоратӣ омада метавонад: Албатта, ин чизҳое, ки дар ин ҷо дар бораи ахлоқ ва кирдори аҳолии мадрасаи Кӯкалтош навишта шуд, ба эътибори аксарият аст (С. Айнӣ, Куллиёт). Ин одаме, ки қади дароз, риши мошубиринҷи паҳн, рӯи сафед, бинии баланди нӯгхам ва саллаи калони сафеди муллоёна дошт, бобои пойафзолдӯзони Бухоро буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман бо таъсири он зиндагонии сахте, ки дар хурдсолӣ ба сарам афтада буд, асабӣ шуда будам ва аз ин зиндагӣ бисёр дилтанг мешудам (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман қабул кардам, ҳамон сартарошеру, ки марҳам дода буд, оварданд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Артикли -е на танҳо бо исмҳои ҷинс ва номуайян, балки бо исмҳои хос ва ягонаи муайян низ омада, ба яке аз аломатҳои онҳо ишора менамояд, ки он бо ҷумлаи пайрав ба хотир оварда мешавад:
Умри-хола ба Сафаре, ки аз саҳна ба ӯ чашм дӯхта меистод, нигоҳ карда гиряолуд бо изтироб гуфт (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ин кор фиреби дуюми амир шуда баромад: амире, ки кушбегии худро бекор карда буд, фардои он рӯз, ба ҷои ин ки талабномаи ҷавонон ҷавоб гардонад, ба муқобили онҳо аскар ва тӯпхона фиристод (С. Айнӣ, Ғуломон). Ҳамон Матлубае, ки ману Ҳуринисоро аз ту ҷудо кард, ҳоло дар паҳлуят («Тоҷикистони Советӣ»). Онҳо ҳамон Мустафоқул, ҳамон Тағоймурод, ҳамон Иброҳиме буданд, ки аз рӯзҳои аввали ташкил шудани колхоз ба корҳои он нӯги панҷа даст мерасонданд... («Комсомоли Тоҷикистон»).
Азбаски артикли -е дар исмҳои муайяншаванда хусусияти ҷудокуниву ишоратӣ дорад ва аломати, ки артикл ба он ишора мекунад, ба воситаи ҷумлаи пайрави муайянкунанда баён карда мешавад, ҳангоми ба ибораи сифати феълӣ табдил додани ҷумлаи пайрави муайянкунанда артикли -е истифода намешавад ва ҷои онро бандаки изофӣ мегирад.
- Касоне, ки ӯро аз собиқ мешинохтанд, аз ҷояшон хеста, бо табассуми сохта «хӯҷаин, салом!» мегуфтанд (Тоҷӣ Усмон, Муборакқадам).
Касони ӯро аз собиқ мешинохтагӣ аз ҷояшон хеста, бо табассуми сохта «хӯҷаин, салом!» мегуфтанд.
- Ба ивази нағзиҳое, ки дар ҳаққи хонаводаи мо ва тамоми аҳли қишлоқ кардед, ман ҳам як нағзӣ карданӣ ҳастам (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Ба ивази нағзиҳои дар ҳаққи хонаводаи мо ва тамоми аҳли қишлоқ кардаатон ман ҳам як нағзӣ карданӣ ҳастам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё