Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
- Умре, ки то ба ин рӯз гузаронидаам, ҳамаш ба саисӣ гузаштааст (Тоҷӣ Усмон, Муборакқадам).
Умри то ба ин рӯз гузаронидаам ҳамаш ба саисӣ гузаштааст.
Дар ибораҳои изофӣ артикли -е бо калимаи охирин меояд. Агар ҷузъҳои тобеи ибораи изофӣ бо сифат ифода шуда бошад, артикли -е ба ибора, агар бо исм ва ҷонишин ифода шуда бошад, ба муайянкунанда мансуб мешавад: духтари қоматбаланде, духтари қоматбаланди сиёҳабрӯе, девори хонае, пои касе, дили онҳое, ки...
Карим ба як хоначаи пастаке фаромад («Садои Шарқ»). Ба ман барин як ҷавони ҳаваскор таърихи вафоти як олими калонро фармудан ғайр аз имтиҳон чизи дигаре набуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Агар ӯ дар дунё ягон кори намоёне мекард, ки аз вай ба мардум фоидае мерасид, ман аз ин нисбат ҳатто фахр ҳам мекардам (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар ҳамаи ибораҳои изофӣ артикли -е номуайянии исмро далолат намекунад. Вай баъзан дар ибораҳое меояд, ки исмашон муайян ва аниқ аст. Чунончи: Садриддин Айнӣ нависандаи бузурге мебошад. Дар ин мисол артикли -е номуайяниро нишон намедиҳад, балки нависандаи бузург будани Садриддин Айниро таъкид менамояд. Дар мисолҳои зерин ҳам артикли -е хусусияти таъкидӣ дорад:
Дар ҳавлии Арбоб тӯи калоне барпо шуд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Падарам, ки дар гапу баҳс ҳарифи муносибе буд, зуд суханро аз даҳони Қоридомулло рабуда ба болои масъалаҳои касби косибӣ овард (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон). Мирсолеҳ як одами баландқомату борикбадани сафедрӯю малла-мӯйи камриш буд, бинии калоне дошт (С. Айнӣ, Куллиёт). Гирди айвон бо девори пасте иҳота карда шудааст («Садои Шарқ»). Озӯдона нафас кашидан тамоман барҳам хӯрд ва дар сари ҳар дақиқа ё чанд сония фаръёди ҷонқоҳе мекашидам, ки ин ба ҷои нафаскашӣ мегузашт (С. Айнӣ, Куллиёт). Боракалло! Шумо хизмати калоне кардед (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар мисолҳои боло артикли -е-ро, ки дар охири ибораҳо омадааст, бо зарфҳои хеле, басо, ниҳоят ва амсоли онҳо иваз кардан мумкин аст. Чунончи: тӯи басо калон барпо шуд, ҳарифи хеле муносиб буд, бинии басо калон дошт, девори ниҳоят паст буд ва ғайра.
Дар мисолҳои овардашуда артикли -е бо калимаи номуайянӣ ва тахминии ягон ҳамвазифа ва ивазшаванда нест. Онҳо ба ҳам вақте ҳамчун муродиф зоҳир мешаванд, ки исм дар ҳолати номуайянӣ бошад.
Дар исмҳои ҷуфт ва чида артикли -е ба калимаи охирин васл шуда бошад ҳам, ба ҳамаи онҳо мансуб аст:
Дар ин ҷо ғайр аз гандумҳое, ки дар ҳар як ваҷаб як поя баромада, баъд аз як ваҷаб қад кашидан сар хам кашида хӯшаашон дон пур накарда хушкида мондаанд, харбуза

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё