Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ва тарбузҳое, ки пеш аз таноб партофтани палакашон сабча бастаанд, мош ва лӯбиёе, ки пеш аз гул кардан дар офтоб сӯхтааст, нишонаи дигар аз киштзор набуд (С. Айнӣ,
Ғуломон). Киштзор, боғ ва бӯстонҳое, ки аз рӯд обёрӣ мешуданд, як биёбони регзор гардидаанд (С. Айнӣ, Ғуломон).
Назар ба гумони Мулло Вафо, ҳар зану духтаре, ки дар кӯча бо фаранҷии кӯҳна ва бо кафшу маҳсии фарсуда барояд,
ӯ баднамо буд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ба ҳамаи исмҳои чида ва ё танҳо ба исме, ки бо он омадааст, мансуб будани артикли -е аз матн ва шароити нутқ маълум мешавад. Чунончи, дар мисоли зерин артикли -е танҳо ба яке аз исмҳои чида мансуб аст:
Халқ ва заковати ӯ, шароити меҳнат ва шуоъҳои нуре, ки аз Россия ба сӯрохиҳои мадрасаҳои Бухорои амирӣ ин ё он қадар ворид мешуданд, намояндагони пешқадами зиёиёни тоҷикро бедор менамуданд (газ. «Маориф ва маданият»).
Исми бо шумора омада одатан артикли -е намегирад. Танҳо исми бо шумораи тахминӣ омада артиклро қабул карда метавонад, чунки номуайянӣ ва тахминӣ аз ҷиҳати ифодаи маъно ба ҳам мувофиқанд.
Ду-се рӯзе шудам меҳмони Дарвоз,
Намудам сайри ҳар бӯстони Дарвоз.
(А. Деҳотӣ, Куллиёт)
Агар исми бо шумора омадаро ҷумлаи пайрави муайянкунанда эзоҳ диҳад, вай асосан бо артикли -е меояд: се одаме, ки ин ҷо гузаштанд, милтиқдор буданд.
Категорияи шумора дар исм
Исм ду шакли шумора — танҳо ва ҷамъ дорад. Исми танҳо асоси категорияи ҷамъ мебошад. Номи аслии одамону ҷонварон ва предметҳо пеш аз ҳама дар шакли танҳо ифода меёбад. Исм дар шакли танҳо якто будани предмет, ҳодиса, воқеа, мафҳуми алоҳидаро мефаҳмонад. Чунончи: Қодир, одам, писар, гӯсола, буз, саг, дарахт, сант, чӯб, об, шамол ва ғайра.
Дар ҷумла исм дар шакли танҳо инчунин мафҳуми умумии предметро фаҳмонда, ба исмҳои ҷомеъ наздик мешавад.
Чунончи, калимаи дарахт ба ду маъно: ҳам танҳову ҳам умумӣ истифода мешавад:
Дарахти зардолуро бурида овардам.
Ё ки:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё