Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Сари кӯҳи баланд олу шинондем,
Дарахти себу зардолу шинондем.
(Фольклор).

Дарахт ба саломатии одам фоида дорад.
Исм дар шакли ҷамъ миқдори зиёди предметҳои ҳамҷинсро мефаҳмонад. Дар забони адабии тоҷик исмҳо бо суффиксҳои -ҳо ва -он ҷамъ баста мешаванд.

Бо суффикси -ҳо ҳамаи исмҳои ҷондору беҷон ҷамъ баста мешаванд.
Чунончи:
а) исмҳои ҷондор: Аминҳо, оқсаққолҳо, бойҳо, муллоҳо, элнавкарҳо ва амалдорҳои ин туманҳо шабу рӯз аз бозор ба бозор, аз деҳа ба деҳа асп медавонданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Машкобҳо, бофандаҳо, нонвойҳо, қассобо, мардикорҳо, аллофҳо, наддофҳо ба куҷо рафтанд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Чароғҳояшон ҳам бо рамаҳо ва галаҳо пур буда, беҳтарин аспҳо, хачирҳо, гӯсфандҳо ва дигар ҳайвоноти хонагӣ дар ин ҷоҳо мерасиданд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Исмҳои мазкур бо суффикси ҷамъбандии -он низ омада метавонанд, аммо баъзе исмҳои ҷондор асосан бо суффикси -ҳо меоянд. Ба ин гурӯҳ исмҳои зерин дохил мешаванд:

  1. исмҳое, ки муносибати хешутабориро фаҳмонда, бо садоноки а тамом мешаванд: акаҳо, укаҳо, ҷӯраҳо, аммаҳо, холаҳо;

  2. баъзе исмҳои ҷондор, ки бо садоноки а тамом шудаанд: аккаҳо, таккаҳо, сиркаҳо;

  3. калимаҳои русию интернатсионалӣ, ки бо суффикси -ка тамом мешаванд: комсомолкаҳо, пионеркаҳо, студенткаҳо, аспиранткаҳо, артисткаҳо, солисткаҳо;

  4. сифатҳои феълии исмшуда, ки бо суффикси -гӣ сохта шудаанд: омадагиҳо, дидагиҳо, рафтагиҳо, хӯрдагиҳо, шунидагиҳо;

  5. калимаҳои русию интернатсионалӣ, ки бо -ат, -ант, -ог тамом шудаанд, бештар бо суффикси ҷамъбандии -ҳо меоянд: солдатҳо, депутатҳо, лауреатҳо, аспирантҳо, сержантҳо, курсантҳо, педагогҳо, геологҳо, археологҳо, биологҳо;

  6. номи баъзе миллатҳо: грузинҳо, арманиҳо, финҳо, украинҳо, французҳо ва ғайра;

  7. исмҳои хос низ бо суффикси -ҳо ҷамъ баста мешаванд: Одинаҳо, Шарифҳо, Сангинҳо, Гулбибиҳо, Чкаловҳо ва ғайра.

Бештар бо суффикси -ҳо ҷамъ баста шудани исмҳои номбурда ба таркиби овозии онҳо вобаста мебошад. Маҳз аз ҳамин сабаб баъзе узвҳои бадани инсон танҳо бо суффикси -ҳо ва баъзеи дигарашон ҳам бо суффикси -ҳо ва ҳам бо суффикси -он ҷамъ баста мешаванд: рӯйҳо, дилҳо, баданҳо, ишкамҳо, нохунҳо, биниҳо, даҳанҳо, вале дастҳо — дастон,

пешина
аз 457
навбатӣ