Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

чашмҳо — чашмон, гӯшҳо — гӯшон, лабҳо — лабон, абрӯҳо — абрӯвон, гесӯҳо — гесӯвон, ангуштҳо — ангуштон, зонуҳо — зонуҷон;

б) исмҳои беҷон: Дар моҳи рамазон шабона ҳамаи дӯконҳо, саройҳо, тиҷоратхонаҳо ва инчунин самоворхонаҳо, ошхонаҳо ва сартарошхонаҳо то нимаи шаб кушодагӣ буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Хизматчиҳо ва хизматгорҳо дар даст сатилҳо, лӯнгиҳо, тосҳо, чойникҳои чой ва қуттиҳои дорувор даромада омаданд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Чунончи, тоза кардани рӯд, ҷӯйҳо, ҳавзҳо ва обрезу обгурезҳо, хушконидани кӯлҳо, заҳкашҳо, аз шаҳр баровардани кушишхонаҳои ҳайвонот, тоза кардани ошхонаҳо, манъ кардани таомфурӯшҳои сарироҳӣ ва дигарҳоро ба пеши ҳукумати амир вазифаи аввалин ва ногузир карда монд (С. Айнӣ, Куллиёт). ... катҳо месохт, торчӯб — либосовезакҳои хонагӣ метарошид, барои дари хонаҳо лӯкидон — қулфҳои чӯбин, сандукҳо, сарпӯши дег, сандалиҳо месохт (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо);

в) исмҳои абстракт дар мавриди такрори амалҳо, таъкиди бардавомии амалу ҳодисаҳо ва барои конкретар ифода шудани маъно дар шакли ҷамъ меоянд:

Ҳанӯз ин гуна гуфтугузорҳо ба миён нарасида буд, ки Аҳмад аз дар даромад (С. Айнӣ, Куллиёт). Чуп ман дар ин мактуб хондам, ки бо адолатпарварии шумо аз Бухоро арақнӯшиҳо, бетартибиҳо ва бадкирдориҳои одамони миршаб барҳам дода шудааст, боз ба ватанам омадам (С. Айнӣ, Куллиёт). Шабҳои дарози зимистон дар ин тавр меҳмонхонаҳо аҳбор ҷамъ меомаданд: сӯҳбатҳо, базмҳо ва гаштакҳо мешуд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Маҳмуди Муҳаммадӣ дар вақтҳои охир ба ин гуна сайругаштҳо, шабнишиниҳо ва базмҳо иштирок намекард (С. Айнӣ, Куллиёт). Чапакзаниҳо, хуштакзаниҳо, чиртакҳаводиҳиҳо сар шуд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман дар базмгардиҳоям бо оммаи мардуми шаҳри Бухоро ва атрофи он ҳолдон шудам (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ба туфайли ба забони гуфтугӯ наздик шудани забони адабии ҳозираи тоҷик суффикси -ҳо хеле серистеъмол шуда, ба воситаи он ҳама гуна исмҳо ҷамъ баста мешаванд. Суффикси -он бештар бо исмҳои ҷондор истифода мешавад.

Мавқеи истифодаи суффикси -он ва вариантҳои он (-гон, -ён, -вон) ба таркиби овозии калимаҳо вобаста аст. Агар исм бо ҳамсадо тамом шавад, суффикси -он истифода мешавад: ... қиморбозон, варзишбозон, мургбозон ва харқорон ҳам дар олами худ дар ҷустуҷӯи шӯҳрат мебошанд. (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар як тараф занон, духтарон, канизон, ғуломон гӯсфанд медушиданд, гуппи мезаданд, маска ҷудо мекарданд ва равған мегудохтанд (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар таги қалъа ва дар наздикиҳои он хонаҳои баъзе давлатмандон, аммо бештар хонаҳои аҳли савдо ва касаба: баққолон, қассонон, мисгарон,

пешина
аз 457
навбатӣ