Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

қадоқчиён, бофандагон, дуредгарон воқеъ шуда буданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дар тарафи шумолии роҳ айвони дарозе буд, ки дар вай дар айёми сайр баззозон, ҳалвогарон, атторон ва дигар дӯкондорон ҷой мегирифтанд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Калимаҳое, ки бо садоноки -а тамом шудаанд, суффикси ҷамъбандии -гон қабул менамоянд:

Саидакбархоҷа дар кӯча умуман худро чунон нишон медод, ки ӯ пири солхӯрдаи ҳаштодсолаи пурдида аст ва ҳама касоне, ки дар кӯча ба ӯ дучор меоянд, ба андозаи хурдии синну солашон фарзандон, наберагон ва аберагони ӯ мебошанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Гӯсфандон, бузон, баррагон ва бузголагон ба хобгоҳи худ баромада осуда хобида буданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Ҳаво соф буд, ситорагон бо дурахшандагии худ ба ҷаҳон равшанӣ медоданд (С. Айнӣ, Ғуломон).

Агар калима бо садонокҳои й ё о тамом шуда бошад, бо суффикси -ён ҷамъ баста мешавад: Оқибат маҷлиси расмӣ кушода шуд, ин соати масъуд, ки колхозчиёни колхози «Янги деҳқон» барои абадӣ — доимӣ фоида бурдан аз замин ба акти давлатӣ соҳиб мешуданд, даррасид (С. Айнӣ, Куллиёт). Хонаи ӯ монанди хонаи Шарифҷон Махдум маркази адабиётчиён набошад ҳам, аз аҳли адабиёт ва ҳаваскорони он холӣ набуд.

Моҳиёнаш ҳамчун оҳуи хутан
Гаҳ аёнӣ гаҳ ниҳон ояд ҳаме.

(П. Сулаймонӣ, Маҷ. шеърҳо)

Аксарияти исмҳое, ки бо садоноки о тамом мешаванд, хоҳ ҷондор бошанд, хоҳ беҷон, бештар бо суффикси -қо ҷамъ баста мешаванд.

Калимаҳое, ки бо садоноки у тамом шудаанд, асосан бо суффикси -вон ҷамъ баста мешаванд: оҳувон, абрувон, ҳиндувон.

Дар пешғаҳи он болохона дар рӯи чор қабат кӯрпача як одами миёнсоли миёнақомати гандумгун, ки чашму абрувони сиёҳе дошт ва худ рангкандаи бемормонанд буд, ёзида мехобид (С. Айнӣ, Куллиёт). ... аспҳои бисёр бо думҳо ва паҳлуҳои худ ба тани ӯ расида, аз наздаш гумбурросзанон дартоз мегузаштанд («Садои Шарқ»).

Чанд аз ҳиндувони 1 оқипадар,
Зархаридорони қувваи доллар,

1 Баъзан суффикси ҷамъбандии -ён-ро қабул кардани калимаҳое, ки бо садоноки у тамом шудаанд, мушоҳида мешавад: Бештарини ғуломони он замон аз туркҳои шимолӣ, қалмоқон, хитойён ва ҳиндуён буданд (С. Айнӣ, Куллиёт).

пешина
аз 457
навбатӣ