Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Дар миён чун ғуломи ҳалқабаргӯш
Монда шаъни диёри худ ба фурӯш.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Бо суффикси -он (-гон, -ён, -вон) на танҳо исмҳои ҷондор, балки чанде аз исмҳои беҷон ҳам ҷамъ баста мешаванд:
а) аъзои ҷуфти бадани инсон: дастон, лабон, чашмон, гӯшон, зулфон ва ғайра;
б) исмҳои ҷудогонаи предметҳои конкрет ва исмҳои маънӣ, мисли: дарахт, лолазор, кӯҳсор, барг, муғча, ниҳол, чароғ, ситора, ахтар, шаб, сухан ва ғайра бо суффикси -он ва вариантҳои вай низ ҷамъ баста мешаванд:
Баҳор омад, шукуфта лолазорон,
Гулистон шуд канори кӯҳсорон.
(А. Деҳотӣ, Куллиёт)
Ин ҷавон маро таклиф кард, ки ба работ даромада, дар сарҳавз, дар сояи дарахтон бихобам (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ту бо ман рӯз месозӣ шабонро,
Мисоли моҳ мегардӣ ҷаҳонро.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Яҳёҷораро ман аз он пеш ҳеҷ гоҳ он гуна пурғазаб надида будам ва дар вақти гуфтани суханони охирини худ аз чашмонаш оташ меборид... (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар забони тоҷикӣ воситаҳои грамматикии нишондиҳандаи предметҳои ҷуфт ва дугона мавҷуд нестанд. Предметҳои ҷуфт ва дугона баъзан дар шакли ҷамъ ва баъзан дар шакли танҳо воқеъ мешаванд. Чунончи:
Вай аз чашмони синчакори мардум, аз дастони ба сӯи вай дароз кардашудаи онҳо, ки гӯё аз гиребонаш маҳкам доштанӣ мешуданд, базӯр чашм канд («Садои Шарқ»). Ӯ одами миёнақади қоқбадани камгӯшт, ранги рӯяш гандумгун буда, абрӯҳои баландмӯй ва чашмони сиёҳи калони дурахшон дошт (С. Айнӣ, Куллиёт).
Баъзе исмҳои дугона, ки ба забони тоҷикӣ аз забони арабӣ дохил шудаанд, ҳам ба воситаи суффиксиҳои тоҷикӣ ва ҳам бо суффикси дугонасози арабӣ -айн ҷамъ баста мешаванд. Чунончи: зулф, қафс, наҳр, тараф барин калимаҳо ҳам дар шакли зулфҳо, зулфон, қавсҳо, наҳрҳо, тарафҳо ва ҳам дар шакли зулфайн, қавсайн, наҳрайн, тарафайн истеъмол меёбанд.
Ман дар ин ҷо ҳамон порчаро ҳам бо забони муаллиф, аммо кӯтоҳ карда ва баъзе луғатҳояшро дар байни қавсайн шарҳ дода ва аломатҳои китобатии имрӯзаро зиёда намуда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё