Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
накл кардан мехоҳам (С. Айнӣ, Куллиёт). Ин корро барои мувозинат додан ба тарафайн мекарданд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар забони адабии ҳозираи тоҷик кам бошад ҳам, дар калимаҳои арабӣ бо роҳи ҷамъи шикаста ифода намудани мафҳуми ҷамъ мушоҳида мешавад. Чунончи: асрор (сирҳо), ашхос (шахсҳо), атроф (тарафҳо), афкор (фикрҳо), ашъор (шеърҳо), афлок (фалакҳо) ва ғайра.
Дар забони адабии тоҷик ҷамъи шикастаи арабӣ аз нав бо суффиксҳои тоҷикӣ ва арабӣ ҷамъ баста мешавад:
Рӯзибой ҳам ба Истад аз дилу ҷон кор омӯхта, асрорҳои ҳунари боғдориро кушода медод (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).
Ту фарзанди азизу арҷмандӣ,
Ту чун аҷдодҳоят сарбаландӣ.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Полковник бошад, дар ин вақт ахбороти худро давом медод («Садои Шарқ»).
Ҳангоми чида шудани исмҳо ду ҳолат мушоҳида мешавад: 1) суффикси ҷамъбандиро исми чидаи охирин мегирад; 2) суффикси ҷамъбандӣ бо ҳар як исми чида меояд. Суффикси ҷамъбандӣ бо исми чидаи охирин омада бошад ҳам, ба ҳамаи исмҳои чида мансубият дорад. Дар забони адабии тоҷик ин тавр воқеъ шудани исмҳо бештар дар исмҳои чидае дида мешавад, ки ба ҳам бо пайвандаки -у алоқаманд шудаанд. Маълум аст, ки исмҳои чидаи суффикси ҷамъбандидор аз ҳам бо паузае ҷудо мешаванд (шаҳрҳо, посӯлкаҳо ва қишлоқҳои мо рӯз то рӯз обод мешаванд), пайвандаки -у ҳам пас аз худ пауза талаб мекунад. Ин аст, ки -ҳо ва -у дар исмҳои чида ниҳоят кам дучор мешаванд:
... ӯ бо пароканда шудани мардум ба Намозгоҳ нарафта бо тангкӯчаву паскӯчаҳо ба ҷое рафта, дар хонаи яке аз дӯстони худ рӯй пинҳон кард (С. Айнӣ, Куллиёт). ... дар ҳама маҷлису маъракаҳо, дӯконхона ва саройҳо, мактабу мадрасаҳо... гап мезаданд (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон). Аз қафо як гурӯҳ ҷавонзану духтарон расида омаданд (Б. Ортиқов, Гули сурх). Дар панҷсолаи нав дар сарзамини қадимии тоҷикон мактабу қироатхонаҳо, қасрҳои маданият, шифохонаҳо, каналу иншоот, фабрикаву заводҳо, комбинатҳо, роҳҳои оҳан ва машинагард, боғу бӯстонҳо, шаҳру посёлкаҳои нав пайдо шуда, чеҳраи республикаи моро зеботар, онро тавонотар, комёбиҳояшро дучанд бештар хоҳанд намуд (М. Миршакар, Қувваи мӯъҷизаосо).
Дар дигар мавридҳо ҳам танҳо исми чидаи дуюм ва ё охирин суффикси ҷамъбандиро гирифта метавонад:
Вақти саёҳати ӯ ҳар сол дар моҳи август ва сентябр
рост меомад, ки дар он моҳҳо аз рӯи одат харбузаҳо, ангурҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё