Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ва дар охиртари ин моҳҳо анҷир ва анорҳо ва дигар меваҳои тирамоҳӣ мепазад.. (С. Айнӣ, Куллиёт).
Суффикси ҷамъбандии -ҳо бо ҳар як исми чида низ омада метавонад. Дар ин гуна ҳолат исмҳои чида таъкид карда мешаванд:
Машраб-Девона аз он ҷо гузашта ба Самарқанд расидааст; дар атрофи шаҳр боғҳо, бӯстонҳо, осиёҳо, обҷувозҳоро ва дар даруни шаҳр раста-раста дӯконҳо ва қатор-қатор корвонсаройҳоро... дидааст (С. Айнӣ, Ғуломон). Рӯи чорпоя бо нонҳо, кулчаҳо, санбӯсаҳо, курсҳо, конфетҳо, бодом, писта ва мавизҳои гуногун пур буда, дар канори поёни он як самовори панҷоҳстаканӣ дар ҷӯшидан буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Даштҳо, дараҳо, роҳҳо, кӯчаҳо, бомҳо, теппаҳо ҳама ҷо пур аз одам бошад ҳам, ҳавлии васеи Полвон-Арабро рӯфта тоза карда буданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Ғуломони хонадор кардашуда ҳам бо канизони ба худашон додашуда дар корхонаҳо, саисхонаҳо, оғилхонаҳо ва шутурхонаҳо ҷой гирифтанд (С. Айнӣ, Ғуломон). Ҳар қадар ин мактаб, муаллимон ва ҳамдарсон барои ман нав бошанд ҳам, ман дар андак вақт ба ҳамаи онҳо шинос ва ҳолдон шудам (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).
Агар исмҳои чида ба худ муайянкунанда дошта бошанд, ҳар кадом суффикси алоҳидаи ҷамъбандии -ҳо қабул менамояд:
Амлокдор бо дасти худ аз болои заминҳои юнуҷкаи ба даравомада, ғӯзаҳои каланд кардашуда, харбуза ва тарбузҳои варқонӣ кардашуда, мош, зағир, кунҷид ва кӯноқ барин киштҳои нав кишташуда асп ронда, онҳоро поймол карда, ба роҳи як замини гандум омада истод (С. Айнӣ, Ғуломон). Аз он соате, ки Медиев ба тадқиқи ин фоҷиа шурӯъ кардааст, фикру хаёли вай дар банди саволҳои гуногун, шубҳаҳои рангоранг ва тахминҳои мухталиф монда буд («Садои Шарқ»).
Дар ибораҳои изофӣ суффикси ҷамъбандии -ҳо ба тарзи мухталиф воқеъ мешавад:
-
Дар забони тоҷикӣ сифат бо исм мувофиқат намекунад. Исм дар шакли хоҳ танҳо ояд ва хоҳ ҷамъ, сифат дар шакли танҳо меояд: боми баланд — бомҳои баланд, гули сурх — гулҳои сурх, духтари хушрӯй — духтарони хушрӯй ва ғайра;
-
Агар ибора бо исму исм ифода ёфта бошад, калимаи асосӣ — муайяншаванда бештар дар шакли ҷамъ меояду калимаи муайянкунанда дар шакли танҳо:
Биноҳои мактаб, МТС, чойхонаҳои сурх, идораҳои совхоз ва колхоз, хонаҳои нави колхозчиёни стахановчӣ, дӯконҳои кооператив ва дигарҳо ҳақиқатан ҳам ин роҳи биёбони дирӯзаро ба тарзи шаҳр гардонда буданд (С. Айнӣ, Куллиёт);
- Дар шакли ҷамъ омадани ҳам исми муайяншаванда ва ҳам исми муайянкунанда низ мумкин аст. Ин ҳолат, аз як тараф, барои таъкиди бисзёрии исми муайянкунанда бошад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё