Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

аз тарафи дигар, дар мавридҳое зарурат пайдо мекунад, ки дар ҳолати набудани суффикси ҷамъбандии калимаи муайянкунанда чун исми танҳо тасаввур карда мешавад:

Бинобар ин баъд аз ришу мӯйлаб бароварда калонсолтар шуданаш тобистон ба деҳаҳои туманҳо рафта, имоматӣ мекард... (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар тӯйҳои бойҳо базмро ҳамеша дарбаста мекарданд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳаво дар ғояти хубӣ буд, насими фораме аз киштзорҳо ва чорбоғҳо вазида, бӯи хуши майсаҳои гандум ва ҷав, нақҳати сабзаҳои лабиҷӯй ва роиҳаи шукуфаҳои дарахтони зардолу ба димоғи кас монанди як ҷони тоза мерасонид (С. Айнӣ, Куллиёт).
Мардум хусусан, занҳои бойҳо ва хонадони давлатнанд, ба суроғи пои ӯ меафтанд ва дар орзӯи дидани ӯ мешаванд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

  1. Баъзан исмҳои муайяншаванда дар шакли танҳову исми муайянкунанда дар шакли ҷамъ ояд ҳам, бисёрии муайяншавандаҳо низ тасаввур карда мешавад: дари хонаҳо (ба ҷои дарҳои хонаҳо), сари одамон (ба ҷои сарҳои одамон) ва амсоли инҳо.

Баробари эълони радио издиҳоми мусофирон буғҷаву чамадонҳошонро ба даст бардошта, худро ба дари вагонҳо андохтанд («Садои Шарқ»).

Ҳалқаи мардумон ба гирди мо
Зиёдат гашт,
Чашми одамҳо
Вақфи сар то ба пои мо мешуд,
Гӯшашон бар садои мо мешуд.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)

  1. Агар муайяншавандаҳо аз исмҳои ҷомеъ иборат бошанд, муайянкунандаҳо бештар дар шакли ҷамъ меоянд:

Ҳама одам барин ором мераванд, ту бошӣ худатро аз ароба партофта, ба тарафи ағба медави, гӯй ки галаи гургон пешат мекарда бошад («Садои Шарқ»). Майор ба паси тӯдаи қуттиҳо гузашта ду кати сафариро дид («Садои Шарқ»).

Оид ба муносибати исмҳои ҷамъу танҳо ва шумораҳо ҳолатҳои зерин мушоҳида мешавад: агар исм бо шумораҳои
миқдорӣ ояд, одатан суффикси ҷамъбандӣ қабул намекунад, чунки худи шумораҳо нишондиҳандаи миқдори муайяни предметҳо мебошанд, суффиксиҳои ҷамъбандӣ бошанд,
бисёриро ба тарзи умумӣ, номуайян ифода менамоянд. Чунончи: як одам, ду одам, даҳ одам, панҷ одам, сад одам ва
ғайра. Баъзан исмҳои бо шумораи миқдорӣ омада суффикси ҷамъбандӣ низ қабул менамоянд. Дар ин гуна ҳолатҳо
роли асосиро шумораи миқдорӣ мебозад, на суффикси ҷамъбандӣ, чунки аз истиснои суффикси исм ҳеҷ гуна тағйир намеёбад (се бародарон — се бародар), вале бо иваз намудани

пешина
аз 457
навбатӣ