Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
шумораи миқдорӣ исм аз муайянӣ ба номуайянӣ мегузарад (се бародар — бародарон).
Ҳам бо шумораи миқдорӣ ва ҳам бо суффикси ҷамъбандии асосан исмҳое меоянд, ки шахс ва ё узвҳои ӯро далолат мекунанд:
Се бародарон аз бойҳои Бухоро ҳамон сол ҳавлиҳошонро таъмири хело аъло карданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Боз он хонаи раванраи мо
Бо ду чашмони шӯълабор омад.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Агар миқдори исм муайян набошад, шумораи миқдорӣ дар шакли ҷамъ меоянд, ки бо ин роҳ бисёрии он таъкид карда мешавад. Дар ин гуна мавридҳо исм бештар дар шакли танҳо меояд, чунки вазифаи номуайянии вайро ҳам шумора ба дараҷаие иҷро менамояд:
Ҳазорон хеши ноқобил агар мурад, чӣ ғам дорам,
Аз он тарсам, ки як бегонаи қобил равад аз даст.
(«Садои Шарқ»).
...аз садҳо ва ҳазорон хишт ва ҳазорон лӯндаҳои лой ягонтааш хато нахӯрда, ба дасти усто медаромад (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).
Исмҳои бо шумораи миқдорӣ омада нумератив ва ё калимаҳои ифодакунандаи миқдору андоза дошта метавонанд. Агар бо шумораи миқдорӣ нумеративи нафар ояд, исмҳо дар ду шакл: танҳо ва ҷамъ омада метавонанд: ду нафар колхозчӣ, ду нафар колхозчиён. Агар ибораи исм + шумораи миқдорӣ бо дигар нумеративҳо ва ё калимаҳои ифодакунандаи андозаю миқдор оянд, исм одатан дар шакли танҳо меояд: дуто китоб, чор дона себ, панҷ сар гӯсола, даҳ ҷилд асар, як сабад шафтолу, бист бех ниҳол, шаш даста пиёз, се банд алаф ва ғайраҳо.
Суффикси -ино асосан ба забони гуфтугӯӣ хос бошад ҳам, ба забони адабии ҳозираи тоҷик дохил шудааст. Вай бо исмҳои хос ва исмҳои ҷинси ифодакунандаи хешутаборӣ омада, исми ҷамъ месозад: Қобилино, Зафарино, холамино, тагомино.
Баъди дарс мо бо Солеҳ ба хонаи Маҳмудино рафтем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Фирӯза медонист, ки дар Когон ва дар Зирабод Ҳайдарқулино ким-чӣ тавр як ҷамъияте доранд... (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Қисми ҳарбии Хурраминоро моҳи гузашта аз ихтиёри армияи мо гирифта ба армияи ҳамсоя доданд («Садои Шарқ»). Пас ба амакам гуфтам, ки мехоҳам ба хонаи Солеҳино рафта хоб кунам ва пагоҳ барвақт хеста бо ӯ ба хӯшачинӣ равам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Далел-далел қадам монда, ба назди боғи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё