Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Матлубино омадам (Б. Ортиқов, Гули сурх). Лекин Фирӯзаино ҳам ба арвоҳи Муҳаррами Ғарч фотеҳа хонданд (Ҷ. Иқромӣ, Духтари оташ).
Дар забони адабии ҳозираи тоҷик баъзе аз калимаҳои арабӣ бо суффикси ҷамъбандии арабии -от низ ҷамъ баста мешаванд. Онҳо дар забони тоҷикӣ асосан ҳамчун исми ҷомеъ воқеъ мегарданд ва мисли исмҳои ҷомеи тоҷикӣ бо суффиксҳои ҷамъбандии тоҷикӣ аз нав ҷамъ баста мешаванд.
Ба ин гурӯҳ: ҳайвонот, фузулот, изҳорот, истеҳсолот, маълумот, маҳсулот, талабот, талафот барин исмҳо дохил мешаванд.
Моли хоми дар ин корхона сарф шудани: мис, биринчӣ, руҳ, қалъагӣ ва кӯрғошим барин фузулот (металлҳо) буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар ҳар саҳифаи китоб суратҳои калони ҳайвонот ва мурғони ёбоӣ чоп шуда буданд, ки ман ҳаргиз онҳоро надида будам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ту аз пайи тафтиш кардани хароҷоти таъмирот нагард (С. Айнӣ, Куллиёт).
Бо суффикси -от ва вариантҳои он омадани на танҳо калимаҳои арабӣ, балки калимаҳои аслан тоҷикӣ низ ҷой дорад: супоришот, навиштаҷот, сабзавот, деҳот, меваҷот.
Баъзе калимаҳои арабӣ бо суффикси -от, ки ба таркиби луғавии забони адабии ҳозираи тоҷик дохил шудаанд, на ҳамчун исми ҷамъу ҷомеъ, балки ҳамчун исми танҳо истифода мешаванд. Исмҳои ташкилот, матбуот, изҳорот ба ҳамин гурӯҳ дохиланд.
ТАРКИБИ МОРФОЛОГӢ ВА КАЛИМАСОЗИИ ИСМ
Таркиби морфологии исм
Яке аз вазифаҳои асосии морфология омӯхтани таркиби морфологии калима мебошад. Калима ҳамчун унсури маънодори забон ва ифодакунандаи мафҳуми муайяни воҳиди мураккаби нутқ ба шумор меравад, дар калима баробари маънои луғавӣ як ва ё якчанд маънои грамматикӣ таҷассум ёфта метавонад. Аз ин рӯ, исмҳои зиёде ҳастанд, ки ба ҳиссаҳои гуногун тақсим мешаванд ва ҳар як ҳиссаи он маъно ва вазифаи муайян дорад. Чунончи, дар калимаи хоначаҳо ҷузъи хона - худи предметро ифода менамояд, -ча хурдии онро далолат мекунад, -ҳо бисёрии онро мефаҳмонад. Он ҳиссаи калима, ки дорои маънои луғавӣ ва ё грамматикӣ мебошад, морфема номида мешавад. Морфема ҳиссаи хурдтарини маънодор ҳисоб меёбад. Вай мисли калимаҳо дорои маъно ва таркиби маълуми овозӣ мебошад.
Ҳангоми муайян намудани морфемаҳо баҳисобгирии маънои онҳо аҳамияти калон дорад. Ба назар нагирифтани маънои морфема сабаби ғалатфаҳмӣ ва шарҳи нодуруст шуда
метавонад, чунки морфемаҳои аз ҷиҳати таркиби овозӣ якхела

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё