Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ҳам маъноҳои гуногун дошта метавонанд, ки ин ҳодиса онҳоро ба гурӯҳҳои мухталифи морфемаҳо мансуб мегардонанд. Ин гуна ҳодисаро морфемаҳои омофонӣ меноманд. Чунончи, дар калимаҳои дорбоз ва доранда ҳиссаи якум дор аст, ки аз ҷиҳати таркиби овозӣ якхелаанд, вале вай дар калимаи якум предметро ифода мекунаду дар калимаи дуюм — амалро. Суффиксҳо низ омофон шуда метавонанд.
Морфемаҳо вобаста ба ҳодисаҳои фонетикӣ, луғавӣ ва грамматикӣ тағйир меёбанд. Тағйироти маъной ва овозии морфема боиси тағйироти морфологии калима мешавад.
Исмҳо мувофиқи таркиби морфологиишон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд: содда, сохта, мураккаб, омехта.
- Исмҳои содда. Ба гурӯҳи исмҳои содда калимаҳои решагӣ дохил мешаванд: об, даст, санг, гул, хор, чӯб, сар, дил ва ғайра.
Исмҳои рехта, ки ба морфемаҳои маънодор тақсим намешаванд, низ ба гурӯҳи исмҳои содда дохил мешаванд. Бояд қайд кард, ки исмҳои рехта аз исмҳои решагӣ ва сохта фарқ мекунанд. Исмҳои рехта дар асл сохта ва ё мураккаб мебошанд, вале забон дар таърихи инкишофи худ ба ҳодисаҳои гуногун дучор шуда, мувофиқи қоида ва қонунҳояш маъно ва ё таркиби овозии калимаҳо тағйир меёбад ва онҳо соддатар мешаванд. Рехташавӣ ё соддашавии исмҳои сохта ва мураккаб асосан дар ҳолатҳои зерин ба амал меоянд: 1) ҳангоми тағйири маънои морфемаҳо; 2) дар вақти тағйири таркиби овозии калимаҳое, ки ҳамин гуна морфема доранд. Ин ҳодисаҳо дар як калима, мумкин аст, баробар воқеъ шаванд, вале аксар вақт яке аз онҳо боиси рехташавии калимаҳои сохта ва мураккаб мегардад. Аз ҳамин нуқтаи назар калимаҳои фарҳанг, гиребон, деҳқон, тобистон, зимистон, шӯрбо, хокистар, гулхан, гӯсфанд, дуредгар, зиндон ва амсоли инҳо ба гурӯҳи исмҳои рехта дохил мешаванд.
Ба сохта будани баъзеи ин исмҳо суффиксҳои калимасоз гувоҳӣ медиҳанд, зеро онҳоро аз таркиби калимаҳо ҷудо кардан мумкин нест ва онҳо дар таркиби дигар исмҳо мавҷуданд ё калимаи нав месозанд, аммо барҳам хӯрдани маънои луғавии решаи калима имконият намедиҳад, ки калимаҳои мазкур ҳамчун калимаҳои сохта ба ҳисоб гирифта шаванд. Чунончи, дар исмҳои зимистон ва тобистон, ки фасли солро ифода мекунанд, суффикси -истон бутунии худро нигоҳ доштааст, вале дар забони адабии ҳозираи тоҷик решаи онҳо зим- ва тоб- ҳамчун исм маънои худро гум карда, аз истеъмол баромадааст, илова ба ин суффикси -истон ҳоло танҳо исми макон месозад на исми замон.
Дар калимаи деҳқон бошад, бо таъсири забони арабӣ тағйироти фонетикӣ ба амал омадааст. Ин калима дар асл деҳгон (аз решаи деҳ) буда, ҳоло танҳо шакли муарраби он дар истеъмол аст. Ин ҳодиса дар калимаҳои бозургон, ки аслан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё