Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

бозоргон ва хонақоҳ, ки аслан хонагоҳ мебошад, низ мушоҳида мешавад.

Дар калимаи гиребон ҳам тағйироти маъноӣ ва ҳам тағйироти фонетикӣ ба амал омадааст. Ин калима дар забони паҳлавӣ дар шакли гривпан омада, ҷузъи якум дар «Авесто» ба шакли грива (griva) дучор мешавад ва баъдтар шакли гире-ро мегирад, ки маънои луғавии он гардан аст; ҷузъи дуюми он -пон суффикс мебошад, ки баъдтар мувофиқи тақозои қоидаи фонетикӣ шакли бон-ро гирифтааст. Маънои таркибии он гарданбон аст ва он ҳиссаи ҷома ва ё яктакест, ки дар атрофи гардан ҷой мегирад.

На танҳо калимаҳои сохта, балки як гурӯҳ калимаҳои дар асл мураккаб ҳам ба гурӯҳи исмҳои рехта дохил мешаванд, чунки онҳо дар айни замон тақсимшаванда мебошанд.

Ин гуна исмҳо дар навбати худ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

  1. Исмҳое, ки маънои луғавии яке аз ҷузъҳои онҳо тамоман барҳам хӯрдааст ва ё шакли худро тағйир додааст.
    Чунончи, ҷузъи якуми калимаҳои хокистар, шӯрбо — хок ва шӯр маънои луғавии худро нигоҳ доштаанд, вале ҳиссаи дуюми ин калимаҳо -истар ва -бо ҳоло ҳеҷ гуна маънои луғавӣ надорад. Ин ҳиссаҳоро суффикс ҳам номидан мумкин нест, чунки онҳо дар ягон давраи инкишофи забони адабии тоҷик ҳамчун суффикси калимасози исм истифода нашудаанд, ҳиссаи дуюми калимаи шӯрбо — бо маънои ошро доштааст. Ба ин маъноӣ дар гузашта дар таркиби дигар калимаҳо низ омадааст: Кадубо (оши каду), биринҷбо (оши биринч), сапедбо (оши ҷурғот), ширбо (оши ба шир, ширбиринч).

  2. Исмҳое, ки маънои ҳар ду ҷузъҳояшон барҳам хӯрда, маънои таркибии онҳо боқӣ мондааст: гӯсфанд, хуршед ва амсоли инҳо.

Калимаи гӯсфанд аз ду ҷузъ: гав ва сфанд (спанд) иборат мебошад. Ҷузъи якум гав (гӯ) маънои ҳайвони судмандро дорад, спанд бошад, ба маънии пок, муқаддас истифода шудааст. Маънои таркибии калимаи гӯсфанд ҷонвари пок, ҷонвари муқаддас мебошад. Калимаи хуршед ҳам аз ду ҷузъ:
хур: (офтоб) ва шед (дурахшон) иборат мебошад ва маънии таркибии онҳо офтоби дурахшон аст. Дар забони адабии тоҷик хуршед ба маънии офтоб меояд ва ин аст, ки ҳоло дар забони мо мисли хуршеди тобон, хуршеди дурахшон таъбирҳои тавсифӣ ҳастанд.

Дар асл сохта ва ё мураккаб будани калимаҳои рехта ҳангоми таҳлили этимологӣ муайян мешавад. Мақсади таҳлили этимологӣ муайян намудани таркиби таърихан ташаккулъёфтаи калима мебошад. Таҳлили этимологии калима барои барқарор намудани морфемаҳои каммаҳсул низ ёрӣ мерасонад.

пешина
аз 457
навбатӣ