Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Таҳлили морфологии калима аз таҳлили этимологӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Ҳангоми таҳлили морфологӣ таркиби калима мувофиқи забони адабии ҳозира таҳлил шуда, морфемаҳо муайян карда мешаванд. Аз ин нуқтаи назар таркиби як калима мувофиқи таҳлили морфологӣ ва этимологӣ ба морфемаҳои гуногун ҷудо мешавад. Чунончӣ, калимаи дашном мувофиқи таҳлили морфологӣ исми содда аст, аммо аз рӯи таҳлили этимологӣ вай калимаи мураккаб ба шумор меравад, ҳиссаи якуми он даш//душ бад буда, ҳиссаи дуюми он -ном мебошад, маънии таркибии онҳо номи бад, бадном аст ва ин мувофиқи қолиби исмсозии забони тоҷикӣ воқеъ шудааст, ки номи бад, шӯҳрати бад, номи зишт гуфтан аст. Калимаи душман ҳам аз ду ҳисса иборат мебошад: душ+ман. Калимаи душвор ҳам аз ҳамон решаи душ сохта шудааст. Муайян намудани маънии ҳар як ҷузъи калимаи рехта яке аз шартҳои асосии таъин намудани сохти он мебошад. Дар забон ҳар як калима маънои зиёде дошта метавонад. Барои муайян намудани он ки дар таркиби калимаи таърихан ташаккулёфта ин ё он ҷузъи он ба кадоме аз маънояш омадааст, ҷузъи дигари он калима низ ёрӣ мерасонад. Исмҳое ҳам ҳастанд, ки яке аз маъноҳои онҳо дар забони адабии ҳозира барҳам хӯрда бошад ҳам, бо ҳамон маънояш дар таркиби баъзе калимаҳои рехта вомехӯрад. Чунончӣ, калимаи гоҳ ба маънои замону макон дар забони адабии ҳозираи тоҷик серистеъмол аст.
Ба маънии тахт гоҳ дар забони адабии ҳозираи тоҷик вонамехӯрад, балки танҳо дар таркиби калима омада метавонад. Чунончӣ, исми гаҳвора аз гаҳ (ба маънии тахт) ва суффикси -вора сохта шудааст. Гоҳ инчунин дар таркиби калимаҳои даргоҳ, боргоҳ, хиргоҳ вомехӯрад. Ба воситаи гоҳ маконро ифода кардани ин калимаҳо ҷои баҳс надорад, вале ҷузъҳои аввали онҳо бо ҳамин маъниашон то ба ҳозир маҳз ба туфайли -гоҳ омада расидаанд.
Яке аз роҳҳои бойшавии таркиби луғавии забон аз забонҳои дигар қабул намудани калимаҳои ҷудогона мебошад. Ин ҳодиса дар забони адабии тоҷик низ мушоҳида мешавад. Дар забони адабии тоҷик калимаҳои зиёде ҳастанд, ки аз забонҳои гуногун бо роҳу воситаҳои мухталиф ба таркиби луғавӣ дохил шудаанд. Миқдори муайяни онҳоро калимаҳои арабӣ, туркӣ, русӣ ва советӣ-интернационалӣ ташкил медиҳанд. Ба забони тоҷикӣ аз забонҳои дигар аз ҳама пештар ва бештар исмҳо дохил шудаанд. Исмҳое, ки аз забонҳои дигар ба забони адабии тоҷик роҳ ёфтаанд, аз ҷиҳати таркиби морфологӣ як хел набуда, содда, сохта ва мураккаб мебошанд. Аммо соддаву сохта ва мураккабии онҳо мувофиқи сохти морфологии худи ҳамон забон муқаррар карда мешавад, ки аз он гирифта шудааст. Чунончӣ, калимаи «большевик», ки аз забони русӣ айнан гирифта шудааст, аз решаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё