Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

больше ва суффикси -вик иборат мебошад, аммо ин таҳлил мувофиқи забони русист, дар забони тоҷикӣ чунин суффикс мушоҳида намешавад. Аз ин рӯ, калимаи «большевик» аслан сохта бошад ҳам, дар забони тоҷикӣ ҳамчун калимаи рехта ба ҳисоб гирифта мешавад. Аз ин нуқтаи назар, исмҳое, ки аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ дохил шудаанд, қатъи назар аз он ки дар забони иқтибосшуда чӣ гуна шаклу таркиб доштаанд, калимаҳои содда ба шумор мераванд, чунки онҳо ба забони тоҷикӣ бо ҳамон маънои таркибиашон дохил шудаанд ва ба морфемаҳо тақсим намешаванд. Чунинанд исмҳои чойник, коммунист, программа, телеграф, демократия, республика, муаллим, мударрис ва ғайра. Ин калимаҳо мисли дигар исмҳо аффикс қабул карда, дар шакли сохта ва ӯ бо калимаҳои дигар як шуда дар шакли мураккаб омада метавонанд, ҳамчун телеграфчӣ, республикачӣ, муаллимӣ, чойниксоз ва ғайра.

  1. Исмҳои сохта. Таркиби морфологии исмҳои сохта гуногун мебошад. Онҳо аз морфемаҳои зерин иборат шуда метавонанд: а) реша ва суффикс: кор + гар, дӯс + тӣ, гул + зор;

б) реша ва префикс: ҳам + соя, ҳам + роҳ;

в) префикс, реша ва суффикс: ҳам + соя + тӣ, ҳам + роҳ + й, но + дон + й, бе + раҳм + й. Префикс ва суффиксо ҷо зиёдтар ҳам омада метавонанд: бе + ҳам + роҳ + й.

  1. Исмҳои мураккаб. Исмҳои мураккаб гуногунсохтанд, онҳо метавонанд аз ду реша иборат бошанд: китобхона, сарбоз; дар шакли сохта омадани яке аз ҳиссаҳои калимаи мураккаб низ мумкин аст: донишҷӯ, лойхӯрак, мушгирак; ҳар ду ҳиссаи калимаи мураккаб сохта шуда ҳам метавонад: сабзикорӣ. Таркиби исмҳои мураккаб на танҳо дуто, балки аз он ҳам зиёдтар реша дошта метавонад: пахтачиндухтар, сартарошхона.

  2. Исмҳои омехта. Исмҳои омехта аз ибора ва таркибҳои гуногун ба воситаи суффиксҳои калимасоз сохта мешаванд. Чунончи, исмҳои шабнишинӣ, хонадарой, тозакунӣ, мондашавӣ аз ибораҳои шаб нишастан, хона даромадан ва таркибҳои тоза кардан, монда шудан ба воситаи суффикси -й сохта шудаанд. Дар ин ҷо маҳз ба туфайли суффикси -й калимаҳо ба ҳам васл ва исми нав сохта шудааст. Дар сохтани исмҳои омехта ҳамаи суффиксҳо иштирок намекунанд. Ба ин вазифа бештар суффиксҳои -й, -а, -ак истифода мешаванд. Ба воситаи онҳо асосан аз ибораҳои феълӣ ва феълҳои таркибӣ исм сохта мешавад: алафдаравӣ, кӯҳбарой, ақибнишинӣ, хонадарой, пойтоба, хасрӯба, шабпарак, байтбарак, яхмолак. Ба воситаи суффикси -й аз ибораҳои пешоянддор ва феълҳои таркибии пешоянддор ҳам исм сохтаанд: азхудравӣ, азнавсозӣ, азназаргузаронӣ, баҳисобгирӣ, баҳотирорӣ, баёдорӣ ва ғ.

пешина
аз 457
навбатӣ