Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
КАЛИМАСОЗИИ ИСМ
Калимасозӣ воситаи асосии бойшавии таркиби луғавии забон мебошад. Бо ин роҳ таркиби луғавӣ бо калимаҳои нав пурра мешавад. Бисёр калимаҳои наве, ки дар натиҷаи дигаргуниҳои иҷтимоӣ, хоҷагӣ, илму маданият ва ғайраҳо пайдо шудаанд, бо роҳи калимасозӣ ба вуҷуд омадаанд ва бо сохти грамматикӣ ва қонунҳои дохилии забон пурра мувофиқат мекунанд. Бо роҳи калимасозӣ бойшавии таркиби луғавӣ бар хилофи бевосита гирифтани калимаҳо аз дигар забонҳо ҳамеша инкишоф меёбад, чунки вай аҳволи забонро пурра инъикос мекунад.
Тарзҳои калимасозӣ ҳам тадриҷан инкишоф ва такмил меёбанд. Ҳар як навъи калимасозӣ дар марҳилаи худ барои бою пурра шудани таркиби луғавӣ роли калон мебозад. Инкишофу такомули калимасозӣ мувофиқи талаботу қонунияти дохилии забон ба амал меояд. Забон барои пурра ва бо нозукиҳояш ифода намудани фикр ва барои ҳаматарафа қонеъ гардонидани талаботи мубодилаи афкор аз ҳамаи воситаҳо истифода мекунад. Чунин талаботи забон барои инкишофи калимасозӣ восита ва омили муҳим мебошад.
Протсесси калимасозӣ ва воситаҳои он бо грамматика алоқаи мустаҳкам дорад. Хусусияти калимасозии забон ба хусусияти сохти грамматикии он зич вобаста аст.
Исм ҳамчун ҳиссаи мустақилли нутқ тарзҳои гуногуни калимасозӣ дорад.
- Калимасозии морфологӣ
Калимасозии морфологӣ типи сермаҳсултарин буда, дар навбати худ ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешавад:
а) Бо суффиксҳо сохта шудани исм. Ин типи сермаҳсултарини калимасозии морфологӣ ба шумори меравад. Чунончи, коргар, чашмасор, гулзор, даравгар, даравгарӣ, муаллимӣ, нағзӣ ва ғайра.
б) Бо префикс сохта шудани исм. Бо префикс сохта шудани исм типи каммаҳсултарини калимасозии исм ба шумори меравад. Дар забони тоҷикӣ асосан як префикси калимасозӣ ҳам мушоҳида мешавад: ҳамроҳ, ҳамкор, ҳамдам.
Усули дар як вақт ҳам бо суффиксу ҳам бо префикс сохтани исм ба забони адабии тоҷик хос нест.
Исмҳое, ки дар онҳо ҳам префикс ва ҳам суффикс дида мешавад (бадардӣ, бекорӣ), далели он нест, ки ин исмҳо бо ду воситаи грамматикӣ сохта шуда бошанд. Дар ин гуна исмҳо ҳодисаи зерин мушоҳида мешавад: префиксҳо аз исм сифат сохтаанд, суффикс бошад, аз асоси сохтаи сифат исм сохтааст ва ҳар кадом вазифаи маъмулии худро иҷро намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё