Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Калимасозии синтаксисӣ-морфологӣ

Калимаҳои мураккаб бо усули калимасозии синтаксисӣ-морфологӣ сохта мешаванд. Ин усул дар забони тоҷикӣ басо сермаҳсул мебошад.

  1. Калимасозии морфологӣ-синтаксисӣ

Субстантивация шудани дигар ҳиссаҳои нутқ ба калимасозии морфологӣ-синтаксисӣ дохил мешавад. Ин тарзи калимасозӣ ҳодисаи ба вазифаи исм истифода шудани дигар ҳиссаҳои нутқро дар бар мегирад. Чунончи, аз асоси замони ҳозираи феъли дон ба воситаи префикси но- сифати нодон сохта шудааст, вале вай дар мавқеъҳои муайяни синтаксисӣ ба вазифаи исм меояд: Ҷони нодон дар азоб (фольклор). Ҳамин гуна ҳолатро дар дигар ҳиссаҳои нутқ низ дидан мумкин аст, ки ба исм гузашта, ба категорияҳои хоси ин ҳиссаи нутқ молик мешаванд.

  1. Калимасозии лексикӣ-синтаксисӣ

Дар забони адабии тоҷик ҳамчун калима бе ҳеҷ гуна тағйирот истифода шудани таркибу ибораҳо мушоҳида мешавад. Азбаски таркибу ибораҳо ҳамчун воҳиди луғавии забон истифода мешаванд, ба ҳиссаи мустақили нутқ мансубият пайдо мекунанд ва ба он мегузаранд. Чунончи, мардикор, Шаҳринав, рӯйдарича, рӯиҷо ва ғайраҳо, ки ибораҳои изофӣ мебошанд, ба исм гузаштаанд. Дар боби исм ин тарзи калимасозӣ бемаҳсул аст.

  1. Калимасозии лексикӣ-семантикӣ

Ин тарзи калимасозӣ дар забони адабии тоҷик сермаҳсул аст, дар он ҳодисаи ба маъноҳои гуногун истифода шудани ҳамон як калима мушоҳида мешавад. Ин ҳодиса ба сермаъноии калимаҳо ва дар асоси он пайдо шудани омонимҳо вобаста аст. Чунончи, калимаи бар танҳо дар доираи исм ба якчанд маъно истифода мешавад: баҳру бар (хушкӣ), бар (ҳосил), қаду бари ҷома. Бояд илова кард, ки бар ҳамчун феъли фармоиш, пешоянд ва префикс ҳам истифода мешавад.

пешина
аз 457
навбатӣ