Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ҳар ҷо-ҳар ҷои дара гузошта шуда буданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
б) исми абстракт месозад:
Хотираҳои рӯзҳои хушбахтона ҳамроҳи зану фарзанди худ аз сар гузаронидаашро ҳар қадар аз худ дур кардаӣ шавад ҳам, ин хотираҳо ӯро доимо таъқиб мекарданд («Садои Шарқ»).
- Аз сифатҳо исм месозад, ки предметҳоро аз рӯи аломаташон ифода менамоянд: сабза, сафеда, талха, тунука, шӯра, вайрона.
Мегузарад аз паси вайронаҳо,
Мадрасаю обидаю хонаҳо.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Дар калимаи ҷавона суффикси -а аз сифати ҷавон исме сохтааст, ки синну солро далолат мекунад.
-
Аз шумораҳо исм месозад, ки онҳо воҳиди вақт ва узви инсонро ифода менамоянд: ҳафта, даҳа, чилла, панҷа.
-
Аз асоси замони ҳозираи феъл исм месозад, ки:
а) предмети воситаи амалро далолат мекунад: мола, кӯба, овоза, кашша.
Нурии дар кашшаҳо ҷой кардаатро гардон, харҳоро ба зери собот рон... (С. Айнӣ, Куллиёт).
Аз асоси замони ҳозира бо суффикси -а предмете сохта мешавад, ки дорои амалу аломат мебошад:
Дар гирди қабр сабза ва шукуфаҳо мешинонанд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Аз донаҳои биринҷи ош то резаҳои себу шоҳболути ҳазмнашуда ба риши анбӯҳ ва мӯйҳои кулоҳи сиёҳаш андармон шуда буд (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон).
б) исми амал сохтааст: бӯса, нола, ханда.
Вақташ биёяд, худаш омада бӯса мекунад («Садои Шарқ»).
- Аз калимаҳои тақлиди овозӣ исм месозад, ки онҳо хусусияти тасвирӣ доранд ва ҳолатро ифода мекунанд: ғарғара, шаршара, ғулгула, шақшақа, дағдаға, қаҳқаҳа:
Ғарғара аз таг, аз кадом як ҷои чуқурӣ сатили калонеро, ки аз санг пур карда мебаромад, боло мекашид (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Хам шуда нигоҳ кунам, ки сатилро аз шаршара як-ду ваҷаб инсӯтар дошта истодаам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Даҳшати ғулгула, чунонки хоб дида истода бошам, давом мекард... (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар забони адабии тоҷик як гурӯҳ суффиксҳо омоморфема мебошанд. Чунончи, суффиксҳои -ак ва -ча ҳам калимасозанду ҳам шаклсоз, суффикси -й бошад, ҳам исми маънӣ ва ҳам исми конкрет месозад. Аз ин рӯ, мо ҳамаи вазифаҳои онҳоро дар як ҷо қайд накарда, дар мавқеъҳои зарурӣ вобаста ба вазифаҳои ҷудогонаашон нишон медиҳем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё