Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Суффикси -ак
Суффикси -ак сермаҳсул аст, ба воситаи вай аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ исм сохта мешавад.
- Бо исм омада исми нав месозад, ки:
а) предметро ба таври умумӣ ифода мекунад: мардумак.
То чанд ҳаме мардумаки дидаи ғайрӣ?
Эй марҳами биниш, назари беназарон бош!
(П. Сулаймонӣ, Маҷ. шеърҳо)
б) предметро ба предмети асосии калима монанд мекунад: айнак, гавҳарак, забонак, дастак, гӯшак, сӯзанак:
Менамоям ҳикояти айнак,
Қимати бениҳояти айнак.
(М. Турсунзода. Ас. муит.)
... мошинаҳоро монандӣ гавҳараки чашм нигоҳбонӣ намудан ва аз онҳо ба қадри даркорӣ фоида бурда тавонистан лозим аст (С. Айнӣ, Ғуломон);
в) аз кадом предмет сохта шудани исмро нишон медиҳад: Заминҳои ду канори роҳ, ки дар онҳо ҳар ҷо-ҳар ҷо барфи обнашуда хобида буд, пӯстаки алоро ба хотир меоварданд (С. Улуғзода, Навобод);
г) суффикси -ак аз исми абстракт номи беморӣ сохтааст: хоришак.
- Аз сифатҳо исм месозад, ки предметҳоро аз рӯи аломаташон ифода менамояд:
Мӯйҳошонро бо қайчӣ пероста, зулф, кокул, печа ва каҷак бароваронид, зулф ва каҷакҳоро чандин бор вайрон кунонда аз сари нав созонда, оқибат ба як тарзи хушнамо дароваронид (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар ин вақт вай аз полези худ охирин тарракҳои нопухта мондаро чида мегирифт (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ба болои бинӣ ва рӯю пешонаи ин духтарча ду-се нагзак бошад ҳам, ин ба ҳусну зебоии ӯ ҳеҷ зарар намерасонид (С. Айнӣ, Куллиёт).
- Аз исму сифат номи ҳашароту ҷонварон месозад: кирмак, харак, хомӯшак:
Дар гирдаш пашшаю хомӯшакҳо парвона шуда буданд («Садои Шарқ»). Манзура занҳои маҳалларо ғун карда кирмак дорондагӣ шудааст (С. Улуғзода, Гавҳари шабчароғ).
- Аз асоси замони ҳозираи феъл исми амал месозад: бандак, чинак:
Абдусаттор ба ғалтак нигариста, зуд фаҳмид, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст ва заврақро пас гардонд (П. Толис, Повесть

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё