Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ва ҳикояҳо). Ман туро дар чинак дар муддати ҳамин ду моҳ, ё чор бор дидам ё панҷ бор (С. Айнӣ, Ғуломон).
- Аз калимаҳои тақлидӣ исмҳои гуногун месозад: қарсак, ҳуштак, чирчирак:
Зинда бош, шод бош! Зинда бод Ҳасан Эргашев! — бо садои қарсаки ғулғуладор аз ҳар тараф баланд шуд (С. Айнӣ, Ғуломон). Бо баромадани садои ҳуштак аз тарафи деҳа ду нафар ва аз тарафи Таҷан ду нафар, ҳамагӣ чор нафар туркман расида омаданд (С. Айнӣ, Ғуломон).
Аз набототи дашту домани кӯҳ
Нолаи чирчирак ба по хезад.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Суффикси -ча
Дар калимасозии суффикси -ча ду ҳолат мушоҳида мешавад.
- Дар аввал ҳамчун морфемаи шаклсоз ба калима васл шуда бошад ҳам, рафта-рафта маънои хурдии калима барҳам хӯрда ва ё суст шуда, калима маънои нав гирифта, аз асоси худ дур шудааст: олуча, мӯрча, ҳиссача, тоқча, остинча, думча ва ғайра.
Дар тоқу тоқчаҳои пештоҳи хона ҳар чӣ, ки дар вақти будани ин соҳибони хона буд, ҳамон тавр меистод (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).
- Ин суффикс аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ исм месозад.
а) Аз исм исми нав месозад, ки муносибати таъинӣ дорад: бӯғча, бозича.
Ҳоло ман мешунавам, ки ӯ сандуқҳои пуртантаву тилло, бӯғчаҳои пурлибос, анборҳои пургалла ғундоштааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Латофат ба укачааш як дунё бозичаҳо харид (Б. Ортиқов).
б) Ба воситаи суффикси -ча аз исми амалу ҳолат исми конкрет сохта мешавад, ки вай натиҷаи ҳамон амалро ифода менамояд: гармича.
в) Суффикси -ча аз сифат исм месозад, ки предметро аз рӯи аломаташ нишон медиҳад: алоча, сурхча.
Дар поёни зиёфат бо талқини арбоб як ҷӯра алочаи ҳисорӣ ба Мулло Маҳмуд ва як парча карбос ба имоми қишлоқ «Ҳаққи қадам» гӯён ҳадъя карда шуд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Суффикси -она
Суффикси -она аз исмҳо исми нав месозад, ки:
- асбоб ва таъинотро мефаҳмонад: тозиёна, шомиёна.
Аспҳои биёбонгарди туркманон ҳам гӯё ки ҳамин дақиқаро пай бурда бошанд, аз ғайри кор фармуда шудани тозиёна

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё