Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ва маҳмез шеҳакашон, сӯлукҳоён роҳ мебуриданд (С. Айнӣ, Ғуломон). ...дар зери шомиёнаҳо дузону нишастанд (С. Айнӣ, Ғуломон);
2) шарокат ва муносибатро мефаҳмонад:
Ҳарифона бошад, дар чойхонаҳо, баққолиҳо ва сари осиёҳо ба амал меомад (С. Айнӣ, Куллиёт);
3) муздро мефаҳмонад ва ҳамчун натиҷаи амал ва ё ҳолат воқеъ мешавад, ки он дар асоси калима аён аст: моҷона, бобоёна, котибона, тӯёна, хизматона, идона, байъона, шукрона ва ғайра :

Ҳиндуҳо ҳар рӯз то соатҳои 12 дар ҳуҷраҳошон менишастанд, ғайр аз он рӯзе, ки амир ба сарбозони худ шоҳона медод (С. Айнӣ, Куллиёт). Бой мулозим ва миршабро зиёфати калон карда ва ба онҳо аз чашмдошташон зиёдтар хизматона дода, барои қозӣ ҳам ба воситаи мулозим мӯҳронаи дурусте тақдим намуда, корро ба манфиати худ ҳал кардан хостааст (С. Айнӣ, Куллиёт).

Суффикси -ӣ

Суффикси -ӣ сермаҳсул мебошад. Вай бо ҳиссаҳои гуногуни нутқ омада исм месозад.

  1. Аз исм исми нав месозад, ки таъинот ва нисбату мансубиятро мефаҳмонад: шоҳӣ, сӯзанӣ, қаламӣ, тақсимӣ, сарӣ:

Онҳо гапзанон ба хонаи калон даромаданд, ки аз бисёрии асбобу ускунаю пардаю сӯзанию кӯрпаю кӯрпачаю раҳту фалону казо ба тими Абдуллохон монанд буд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Карбос, қаламӣ, алоча, ҷомаҳои тайёр барин молҳояшонро той баста, тайёр карданд (С. Айнӣ, Ғуломон). ...ҳамон одаме, ки чою нонро оварда буд, даромада стакан, тақсимӣ ва тақсимчаҳоро аз рӯи чорпоя ғундошта гирифт, катро ба Ятим нишон дод (С. Айнӣ, Куллиёт).

Қомати онро сарӣ печонда буд,
Дар ҷабинаш холи ҳинду монда буд.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)

  1. Аз сифат исм месозад, ки предметро аз рӯи аломаташ ифода менамояд: сабзӣ, сиёҳӣ, сафедӣ, равшанӣ, кабӯдӣ:

Аз сари ин ҳама кабӯдӣ ва сояву салқин гармиҳои тобистон ҳам он қадар маълум намегардад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Онҳо бо ангуштони худ аз косаҳо сабзӣ ва шалғами калон-калон поракардашударо гирифта ба даҳон меандохтанд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Суффикси -ок

Ин суффикс бемаҳсул мебошад. Доираи истеъмоли суффикси -ок басо маҳдуд буда, танҳо бо якчанд калимаи маълум меояду бас. Чунончи, суффикси -ок аз асоси замони ҳозираи

пешина
аз 457
навбатӣ