Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
феъл исм сохтааст: Аз падараш ғайр аз хӯрок ва пӯшок чизи дигареро надидааст (С. Айнӣ, Куллиёт).
Суффикси -пона.
Суффикси -пона аз исм исми нав месозад, ки таъинот ва бо асоси худ дар чӣ гуна муносибат буданашро мефаҳмонад:
Ангуштпонаи чашмаш калон-калон ҳаст-мӣ? («Садои Шарқ»). Қутбия дар вақте ки ин суханҳои охирини худро мегуфт, остини Ҳамдам-фӯрмаро боло карда, соиди симини дастпонаи зариндори то оринҷ кушодаи худро ба дасти ӯ монда хомӯш монд (С. Айнӣ, Ғуломон).
Суффикси -тарин
Суффикси -тарин (-тар) дар исмсозӣ ба суффикси -пона ҳамвазифа мебошад:
Ба ангуштҳои дастҳои инҳо ангуштаринҳои зарнарди ёқутнигин гузарониданд... (С. Айнӣ, Ғуломон). Ин ангуштарин аз ханҷари дудамаи шумо бурротару қобилтар аст (С. Улуғзода, Пьесаҳо).
Суффикси -ол
Суффикси -ол аз исм исми нав месозад, ки ба асоси он аз ягон ҷиҳат монанд буданашро ифода менамояд:
Оҳуи ман дар чанголи паланг (С. Улуғзода, Калтакдорони сурх). ...хоҳ-нохоҳ савор шуда аз дунболи ӯ афтоданд (С. Айнӣ, Ғуломон).
Суффикси -вора
Суффикси -вора (-вор) аз исм исми нав месозад, ки хусусияти таъинотӣ дорад:
Дар гӯшаш гӯшвораи тилло, ки онро занон ҳалқаи балдоқ мегӯянд (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).
Ба чашмат барги сабзи навбаҳорӣ
Дурахшон буд мисли гӯшворе.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Суффикси -ақӣ
Ба воситаи суффикси -ақӣ аз калимаҳои тақлидӣ исм сохта мешавад:
Барно тайёр ба ҳуҷум тайёр шуд: ӯ дасти росташро тамом ёзонда ва пас бурда кашидаву кушода ба гӯшхонаи Махдум як торсакӣ зад (С. Айнӣ, Куллиёт).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё