Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
-иш сохта мешаванд. Ин гуна исмҳо макони машғулият, амалиёт, мавзеъ ва ҷои истиқомату муассисаҳои гуногунро далолат мекунад. Чунончи: омӯзишгоҳ (омӯз-иш-гоҳ), донишгоҳ (дон-иш-гоҳ), резишгоҳ, ситоишгоҳ, намоишгоҳ, бошишгоҳ, гардишгоҳ, парастишгоҳ, буришгоҳ ва ғайра.
-
Аз сифат. Суффикси -гоҳ аз сифатҳо низ исми макон месозад, ки хусусияти таъинотӣ дорад, вале дар ин вазифа вай бемаҳсул буда, танҳо бо ду-се калима меояд: оромгоҳ, амонгоҳ, хилватгоҳ.
Хост хилватгоҳ дар вайронае (М. Турсунзода, Ас. мунт.).
Муаллиф чунин сатрҳои дар девори он оромгоҳ қайдшударо меовард («Маориф ва маданият»). -
Аз феъл. Суффикси -гоҳ ҳам аз асоси замони ҳозира ва ҳам аз асоси замони гузаштаи феъл исми маконе месозад, ки ҷой ва роҳи ҳаракатро мефаҳмонад:
а) аз асоси замони ҳозираи феъл: истгоҳ, гурезгоҳ, гузаргоҳ;
б) аз асоси замони гузаштаи феъл: нишастгоҳ, даромадгоҳ, баромадгоҳ, зодгоҳ.
Суффикси -а
Ба воситаи суффикси -а аз сифат ва исм исми макон сохта мешавад: хароба, пушта.
Суффикси -но
Суффикси -но бемаҳсул буда, аз сифат исми макон месозад, ки хусусияти нисбӣ дорад: тангно:
Дар он ҷо тангнои соярав ҳаст,
Дар он ҷо парттоҳи ғеҷу дав ҳаст.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Рафт ӯ аз худ бурун дар як нафас,
Тангно не, вусъатободе бихост.
(Лоиқ, Сатрҳои нотамом).
Суффикси -зор
Суффикси -зор сермаҳсул мебошад. Ин суффикс бо исм омада макону фаровониро мефаҳмонад. Суффикси -зор асосан бо исмҳои ифодакунандаи растанию наботот меояд: тутзор, токзор, себзор, саксавулзор ва ғ.:
Баъд аз он ҳар тарафи даштҳо, кӯлҳо, найзорҳо ва пахтазорҳоро аз як сар кофтуков кардааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар он тараф аз дур дарахтзоре намудор буд ва он дарахтзорро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё