Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

аз токзори завод як девори бисёр дарозе, ки окраш дар даруни чакалакзор гум шуда мерафт, ҷудо мекард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Суффикси -зор инчунин бо исмҳое меояд, ки онҳо растанию набототро намефаҳмонанд, балки предметҳои гуногун буда, шумурданашавандаанд ва ё шумурданашон аз имкон дур аст. Дар ин гуна калимаҳо ҳам суффикси -зор ба макон ва фаровонии асоси худ далолат мекунад. Миқдори ин гуна калимаҳо зиёд нест. Чунончи: регзор, ситоразор, сайёразор: Ҷои ту шӯраю регзор, ба боғу чаман туро чӣ кор? (С. Улуғзода, Калтакдорони сурх).

Харитаи ин заминро дар тулӯи асри нав шуд нав.
Чунон сайёразоре шуд...

(«Садои Шарқ»).

Суффикси -истон // -стон

Суффикси -истон бо исмҳои ифодакунандаи халқу миллат омада, номҳои географӣ месозад: Тоҷикистон, Узбекистон, Гурҷистон, Маҷористон, Ҳиндустон ва монанди инҳо.

Ин суффикс бо исмҳои гуногуни конкрет омада, макон ва фаровонии предметро ифода менамояд. Агар суффикси -истон бо исмҳои ифодакунандаи набототу растаниҳо ва калимаи регу санг ояд, бо суффикси -зор ҳамвазифа мешавад: гулистон, нахлистон, найистон, сарвистон, боғистон, регистон, сангистон ва ғайра.

Суффикси -истон бо предметҳои конкрети дигар низ истифода мешавад ва дар ин ҷо ҳам -истон макону фаровонии предмети асосашро далолат мекунад: кӯҳистон, қабристон, ғористон, гӯристон, лаълистон, мазористон.

Суффикси -истон бо исмҳои ифодакунандаи шахс низ омада метавонад: бемористон, Юсуфистон.

Юсуфистон кард рӯят кулбаи эҳзони ман!

(А. Деҳотӣ, Куллиёт)

Исмҳои замон: баҳор ва шаб исмҳои ягона бошанд ҳам, суффикси -истон қабул менамоянд: баҳористон, шабистон.

Суффикси -истон бо калимаҳои субстантиви равшан ва торик низ меояд:

Акси об будаасту ман ҳар сӯйро
Чун саҳаргоҳ равшанистон дидаам.

(М. Турсунзода, Ас. мунт.)

Моҳ гирифта, олам торикистон шудааст (А. Деҳотӣ, Куллиёт).

пешина
аз 457
навбатӣ