Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Суффикси -сор
Суффикси -сор каммаҳсул мебошад, вай танҳо бо ду-се калима омада, макон ва фаровонии онҳоро мефаҳмонад: кӯҳсор, чашмасор, шохсор.
Суффикси -лох
Суффикси -лох бемаҳсул буда, дар забони адабии ҳозираи тоҷик танҳо бо ду калима санг ва пӯст меояду макон ва фаровонии онҳоро нишон медиҳад: санглох, пӯстлох.
Суффикси -бор
Суффикси -бор бемаҳсул буда, дар забони адабии ҳозираи тоҷик танҳо бо калимаи чӯй омада, макону фаровониро ифода мекунад: чӯйбор.
Суффикси -ина
Суффикси -ина низ бемаҳсул буда, танҳо дар сохтани калимаи ганҷина мушоҳида шуд, ки макону фаровонии асосашро мефаҳмонад:
Дар бештарини ганҷинаҳо ва миёнбастҳои ҳуҷраҳои вай хумҳои шароби мавизӣ ҷӯшида меистод (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дилам ганҷинае бошад, ки дар он
Чу ганче хуфта танҳо меҳри ҷонон.
Дари ганҷина имшаб нағз во шуд,
Намедонам ба фикри ту чиҳо шуд...
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Суффикси -дон
Суффикси -дон сермаҳсул мебошад. Вай исмҳои конкрети макон ва зарфият месозад. Муносибати асос бо калимаи сохта дар он зоҳир мешавад, ки исми нав барои предмети дар асос номбурда ҳамчун зарф ва ё анбори хонае хизмат мекунад: хокистардон, сиёҳидон, қаламдон, китобдон, нондон, намакдон, алавдон, шамъдон, тухмдон, коҳдон, лойдӯн ва ғайра.
- Суффиксҳое, ки исми абстракт месозанд
Дар забони адабии ҳозираи тоҷик барои сохтани исмҳои абстракт суффиксҳои зиёд истифода мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё