Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Суффиксҳои шаклсози исм
Суффикси -ча
Суффикси -ча бо исмҳои конкрет омада хурдии онҳоро далолат мекунад:
Мӯйсафед ба сари оташдон рафта, аз як дегча ба деги дигар бо обгардонча шарбат гузаронида меистод ва бо белчаи кафгирмонанди сафед кардашуда даруни дегчаҳоро мекофт (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар тарафи шарқии рӯи ҳавлӣ, дар паҳлуи майдон як хоначаи пешайвондор буд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Рӯзе дар Шаҳрисабз дар пеши дарбори амир Савдо бо либосҳои расмии худ ба лаби суфачае нишаста будааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Ин меҳмонон монанди одамони маҳаллӣ таомро бо даст нахӯрда, бо корд бурида, бо чангча гирифта мехӯранд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Баъзан хурдии исм бо тобиши навозиш ва ё таҳқиру нописандӣ омехта мешавад. Дар калимаҳои духтарча ва писарча тобиши навозиш аксар бо хурдӣ омехта ифода меёбад:
Ин хусусияти махсусе, ки дар афту андоми ин духтарча менамуд, ин буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Духтарча аз модараш такрор ба такрор мепурсид, ки чаро амакаш ин қадар бисёр мехобад («Садои Шарқ»). Соро бо писарчаи худ нони аз хона бардошта овардатиашро ба об тар карда хӯрданд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Суффикси -ча барои ифодаи хурдию навозиш бо исмҳои ғайришахс низ меояд:
Онҳо аспҳошонро чорхез гардонданд, самандча бошад бо ҳамаи йӯргаи ҳамвораш роҳ мепаймуд («Садои Шарқ»).
Нолаи дарӯҷчаи Варзоби мо
Дошт мудом отаҳӣ аз хоби мо.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)
Дар исмҳое, ки калону хурдии онҳоро таъин кардан мумкин нест, суффикси -ча камии онҳоро мефаҳмонад, ки болидахотирӣ ва хушҳолиро низ далолат мекунанд:
Амон дар хона шӯрбоча пухтааст (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).
Суффикси -ча бо исмҳои хос низ меояд. Дар исмҳои хос ин суффикс хурдии шахсро аз рӯи пайкараш мефаҳмонад ва дар айни замон як навъ пастзанӣ ва тамасхурро ҳам ифода мекунад:
Дар ин сол монанди порсола дарси дарсхонагии ҷамоаи мо дар пеши домулло Икромҷон аз «Шарҳи Мулло» бо қоригии Ғафурҷон Махдум бояд мешуд (С. Айнӣ, Куллиёт). ...онҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё