Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ба касе чизе нагуфта, ба сари Рустамча гузаштанд (С. Айнӣ, Куллиёт).
— Балота гирам, Мукаррамча! (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).
Маънои ночизӣ ва нописандию тамасхурро ифода намудани суффикси -ча ба туфайли матн баъзан хеле равшан ифода меёбад:
...Вақте ки қозикалон бо фармоиши амир дар паи ёфтани шеърҳои Ҳайрат афтод ва чизе ба даст дароварда натавонист, аз чор тараф шоирчаҳо ва шоиртарошон барои хуш-омад ба хизмати қозикалон миён баста, бисёр шеърҳои пастро бо тахаллуси «Ҳайрат» ба ӯ бурда буданд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Суффикси -ича

Суффикси -ича варианти суффикси -ча буда, бемаҳсул аст. Вай бо як-ду исми конкрети ғайришахс омада, хурдии асосашонро ифода менамояд: дарича, бузича:
Асо даричаи мобайни ҳавлии ҳамсояро пӯшиду ба сӯи хона қадам монд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Дар охурчаи гӯшаи пештоҳи ин хона, ки даричааш ҳам он ҷо буд, мактабдорнишин буда... (С. Айнӣ, Куллиёт).

Суффикси -ак (-як, -акак)

Суффикси -ак (-як) бештар ба маънои навозиш меояд ва ба воситаи он муносибати субъективии гӯянда ба предмети асоси калима ифода мегардад:
Пас, чанд гоҳ он писаракро ҳамроҳ гирифта мегардад (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Духтаракатон ба бозор равад, майлаш... (С. Улуғзода, Калтакдорони сурх). Пиразан ҷавони наврасро навозишкорона «набераякам» мегуфт («Садои Шарқ»).

Дер нишасту дилакаш танг шуд.
Хесту чу оҳу ба сари санг шуд.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)

Суффикси -ак бо маънои навозиш бо исмҳои хос низ меояд:
Амонакам калон шавад, бас. (Б. Ортиқов, Гули сурх).
Тамасхурро низ ифода менамояд:
Кали Қурбон духтараки нотавонро чун гунҷишкак бардошту ба доду фаръёди ӯ аҳамият надода, ба даҳлез баровард (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Лабу лунҷакатро бод хӯрад, нахостани ту акнун дер шуд (С. Улуғзода, Калтакдорони

пешина
аз 457
навбатӣ