Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

мукаммали зербамореро меандохтанд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Суффикси -ор

Суффикси -ор бемаҳсул мебошад, вай бо асоси замони гузаштаи феъл омада исми абстракт месозад, ки амалу ҳолат, натиҷаи амал ва ё ба амале дучор шуданро ифода менамояд: рафтор, гуфтор, сӯхтор, гирифтор:

Акнун вай рафтор ва кирдори бойро ба зери чашм гирифт (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Ин ҳама куштор, эй ҷаллод, аз дасти ту буд! (П. Сулаймонӣ, Маҷ. шеърҳо). ...тақдири худи шайх ва коргарони ӯро касе намедонист ва онҳоро касе дар вақти сӯхтор надида буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Додарам дар асл бачаи бад набуд, баъд аз гирифтор шуданаш ба ин беморӣ тундмизоҷ шуд... (С. Айнӣ, Куллиёт).

Суффикси -гор

Суффикси -гор аз исм исми абстракт месозад: рӯзгор, ёдгор.

Суффикси -ос ва -ас

Ин ду суффикс аз калимаҳои тақлиди овозӣ исмҳои абстракт месозанд, ки садоҳо, ҳолату хосият ва тарзи воқеъшавии онҳоро ифода менамоянд: ғиррос, ғаҷаррос, фишшас (-ос), пичиррос ва ғайра:

Садои аккос ва аввоси понздаҳ-бист саг, ки аз тарафи деҳаи Қарахонӣ ба якборагӣ баромад, дар ин дашти бедолу дарахт паҳн шуда ҳама ҷоро фаро гирифт (С. Айнӣ, Ғуломон). ...Оташи гулрез ба фалак печид, қийғоси дӯсту душман ба осмон баромад (С. Айнӣ, Куллиёт). Маъоси гӯсфандон, баъоси баррагон бо садои суруде, ки бар болои як хомаи дуртари рег хонда мешуд, омехта як мусиқии ҳазин ба амал меорад... (С. Айнӣ, Ғуломон).

Суффикси -гонӣ

Суффикси -гонӣ аз исми абстракт исми нав сохтааст: зиндагонӣ, муждагонӣ.

Менабинӣ боди ҷонбахши баҳори бехазон
Муждагонӣ медиҳад бар наварӯсони ҷаҳон?
(«Садои Шарқ»)

пешина
аз 457
навбатӣ