Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
сурх). Ягон мургаки содда пайдо шаваду маро ба зери қаноташ гирад, магар бад мешавад? («Садои Шарқ»).
Суффикси -ак, -акак дар исмҳои беҷон камии миқдору шумораро низ далолат мекунад:
Ҳамаш шуда чанд рӯзакак пеш Кучеренко аз занаш мактуби саломатӣ гирифта буд (Р. Қалил, Одамони ҷовид).
Барои ифодаи навозиш гоҳо суффикси -ча ва -ак, ё ки -ича ва -як дар як ҷо меоянд. Ин ҳолат ба нутқи шифоҳӣ хос буда, баъзан ин суффиксҳо дар шакли ихтисор (ба ҷои -чаяк, -чек ё ки -чак) воқеъ мешаванд:
— Ин гапи мардҳои бетамиз, — гуфт оймулло, — аммо шумо худи келинҷаҳои хушрӯзии биступанҷсола барин (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Шодӣ бузичаки почаалои дурӯғкорро, ки ӯро дар хобаш фириб дода буд, аз болои чароғпоя пеш кард (С. Айнӣ, Куллиёт).
Маънои навозиш ба воситаи калимаи ҷон низ ифода меёбад. Дар ин гуна мавридҳо бо ҳамроҳ шудани ҷон ба исм калимаи нав пайдо намешавад ва он ҳамчун ҳиссаи ногузири калимаи мураккаб воқеъ намегардад, ки инро ба ягон навъи калимаҳои мураккаб мансуб дониста шавад:
— Ин тавр нагӯед, бибиҷон! — гуфт миёнарав (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Ба сари сахти ман, амакҷон, ғайр аз савдои сабзию пиёз боз як савдои нав ғалтида монд (С. Улуғзода, Гавҳари шабчароғ). Сарфаҳм меравӣ, духтарҷони ман («Садои Шарқ»). Шумо, келинҷон, каси дигарро дидаед (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). — Э, дугонаҷоне! — гуфт Фирӯза сар ҷунбонда (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).
Барои ифодаи навозиш ҷон бо исмҳои хос низ меояд:
Аммо чӣ кор кунам, ки Фирӯза, Фирӯзаҷони ман кас надорад (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).
Агар ҷон ҳангоми номгузорӣ ҳамчун ҳиссаи исми хос истифода шуда бошад, навозишро ифода намекунад: Мирзоҷон Пардаев, Додоҷон Одилов, Қозиҷон Аҳмадов, Додоҷонов, Почоҷонов ва ғайра.
ПРЕФИКСИ ИСМСОЗ
Бо префикс сохта шудани исм ба забони тоҷикӣ характернок нест. Дар забони адабии тоҷик дар исмсозӣ асосан як префикс — ҳам- дида мешавад. Префикси ҳам- бо исмҳо омада, ҳамроҳӣ, шарокат ва алоқаи тарафайни шахсҳо ва предметҳоро мефаҳмонад: ҳамроҳ, ҳамсоя, ҳамҷинс, ҳамхона ва ғайра:
Инро шунида, оҳиста-оҳиста ба хонаи ҳамсоя гузаштам (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Аммо ҳамсӯҳбати ман бо суханҳои зеринаш маро як дараҷа ба кори худ шинос кард (С. Айнӣ, Куллиёт). Чӣ тавр канизаки ман бо шумо ҳамгапу ҳамроз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё