Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

шуда мондааст? (С. Улуғзода, Калтакдорони сурх). Бегоҳии ҳамон рӯз дар хонаи Ғуломалии адрабобоф ҳашт нафар ҳампеша ва ҳамкасабаҳои вай ҷамъ шуда, чой нӯшида, чилим кашида менишастанд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

Гарчи бо мо ҳамтабақ ҳам нестанд,
Ҳамдабистон, ҳамсабақ ҳам нестанд,
Дур аммо нестанд аз хоки мо,
Аз бари ганҷинаву амлоки мо.
(М. Турсунзода, Ас. мунт.)

Дар калимаҳои ҳамнишин ва ҳамнишаст префикси ҳам- аз асоси замони ҳозира ва гузаштаи феъл исми ифодакунандаи шахс сохтааст.

ИСМҲОИ МУРАККАБ

Дар забони адабии ҳозираи тоҷик тарзи сермаҳсултарини калимасозӣ типи мураккаб ба шумори меравад. Исмҳои мураккаб аз рӯи алоқа ва муносибати ҷузъҳояшон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: пайваст ва тобеъ.
Исмҳои мураккабе, ки аз ҷузъҳои баробарҳуқуқ таркиб меёбанд, исмҳои мураккаби пайваст ном доранд: равуо, гуфтугӯ, сарутан, сарулибос.

Исмҳои мураккабе, ки дар онҳо як ҷузъ ба дигаре тобеъ буда, онро аз ягон ҷиҳат эзоҳ медиҳад, исмҳои мураккаби тобеъ ном доранд. Чунончи, дар исми сартарош ҳиссаи якум ба дуюм тобеъ буда, муносибати амалу объект ифода ёфтааст. Дар исми дорухона бошад, ҳиссаи якум ба дуюм тобеъ буда, муносибати таъинот ифода гардидааст. Аммо дар исми модарарӯс ҳиссаи дуюм ба якум тобеъ буда, муносибати муайянкунандагӣ дида мешавад.

Ҳамин тавр, ҳар як гурӯҳи исмҳои мураккаб аз рӯи муносибати ҷузъҳояшон ба хелҳои зиёде ҷудо мешаванд.

ИСМҲОИ МУРАККАБИ ПАЙВАСТ

Хусусияти асосии исмҳои мураккаби пайваст аз он иборат аст, ки дар онҳо асосҳои баробарҳуқуқ бо роҳу воситаҳои гуногун ба ҳам меоянд.

  1. Исмҳои мураккаби пайваст, ки бо садоноки пайвасткунандаи у омадаанд. Ин гурӯҳи исмҳои мураккаб ба тарзи зерин таркиб меёбанд:

а) Аз асоси замони ҳозираи феъл. Аз асоси замони ҳозираи феъл исмҳои абстракт сохта мешавад, ки амалу ҳолатро

пешина
аз 457
навбатӣ