Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

бо суффикси -а ташаккул меёбанд: обраҳа, селраҳа, пайраҳа ва ғайра.

  1. Исмҳои мураккаби абстракт. Агар ҷузъи асосии калима исми абстракт бошад, калимаи мураккаб ҳамчун исми абстракт воқеъ мегардад, қатъи назар аз он ки ҷузъи тобеъ предмети конкретро мефаҳмонад ва ё ғайриконкрет:

Аз боиси ҳамин хонанишинии тӯлонӣ буд, ки ман аз чиллакбозӣ, шитибозӣ, бодбаракбозӣ ва бозӣ-бозиҳои бисёри дигари бачагон бебаҳра монда, ҳатто аз оббозӣ дар ҷӯйҳои калон ва баромадан ба дарахтҳои мевадор оҷиз гардидам (Ҳ. Ирфон, Дар кулбаи косибон). Домод ва додарарӯс чанд вақт қозибозӣ карда бошанд ҳам, Эшонқулбой чизе гирифта натавонист (С. Айнӣ, Куллиёт).

Б. Исмҳои мураккабе, ки дар онҳо ҷузъи дуюм ба ҷузъи якум тобеъ мебошад.

Дар ин гурӯҳи исмҳои мураккаби тобеъ, ки аз ду исм таркиб ёфтаанд, калимаи асосӣ ҷузъи якум мебошад, ҷузъи дуюм ба вай тобеъ буда, онро аз ягон ҷиҳат эзоҳ медиҳад. Дар ин ҷо ҳам ҷузъҳои исми мураккаб бештар бевосита ба ҳам меоянд. Чунончи, саринженер, сармуҳаррир, сабадҷӯб, соҳибхона ва ғайра.

Исмҳои мураккабе, ки ҷузъи дуюмашон ба ҷузъи якум тобеъ мебошад, нисбатан камистеъмоланд. Онҳоро ба гурӯҳҳои зерин тақсим кардан мумкин аст:

  1. Исмҳои мураккабе, ки шахсро мефаҳмонанд. Дар ин гурӯҳи исмҳои мураккаб ҷузъи асосӣ шахсро ифода мекунад ва ё бо ёрии ҷузъи тобеъ ба ифодаи шахс имконият пайдо мекунад. Дар муносибати ҷузъҳои ин гурӯҳи исмҳои мураккаб хусусиятҳои зерин мушоҳида мешавад:
  1. Ҳар ду ҷузъи исми мураккаб шахсро далолат мекунад, вале ҷузъи тобеъ ба ҷузъи асосӣ дар чӣ гуна муносибат буданашро мефаҳмонад: падарарӯс, модарарӯс, хоҳарарӯс ва ғайра.

  2. Ҷузъи асосӣ шахсро, вале ҷузъи тобеъ нисбатро мефаҳмонад, ки асосан бо исмҳои макон ифода меёбад. Дар чунин исмҳо шахсро далолат кардани исми мураккаб маҳз ба туфайли ҷузъи асосӣ имконпазир мегардад:

..вақте ки занҳо ва кайвониҳо дар хоб буданд, як духтархона аз берун давида омад (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

  1. Исмҳои мураккабе, ки шахсро маҳз ба туфайли ҳиссаи тобеашон ифода мекунанд. Чунончи, калимаи сар дар танҳоӣ шахсро далолат намекунад, вале ҳамчун ҷузъи асосии исмҳои мураккаб воқеъ мегардрад. Агар ҷузъи тобеи исми сар шахсро далолат кунад, исми мураккаб шахсро мефаҳмонад ва, баръакс, агар ҷузъи тобеъ шахсро далолат накунад, исми мураккаб низ шахсро ифода намекунад. Чунончи:

а) исмҳои ифодакунандаи шахс: сардаста, сардухтур, саркотиб, сармаршал, сарвазир, сармуҳаррир, сарлашкар, сарқабила,

пешина
аз 457
навбатӣ