Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
сараскар, сарнасл, сарсӯлола, саринженер, сарбухгалтер ва ғайра; б) исмҳои ифодакунандаи предмет: сарҳавз, сарқанд, сарришта ва м. ин.
Калимаи сар тобишҳои маъноии зиёд пайдо кардааст, ки онҳо бештар дар таркибу таъбирҳо равшан зоҳир мегарданд. Ҳамин хусусияти сермаъноии он ва алалхусус ба маънии сардор омаданаш имкон додааст, ки бо исмҳои абстракт омада шахсро ифода кунад. Калимаи саркор, сарҷанг ба ҳамин гурӯҳ мансубанд.
Дар исмҳои мураккабе, ки шахсро ифода намудани онҳо ба туфайли таркибёбии ҳар ду ҷузъ имконпазир мегардад, ҷузъи асосӣ исми шахс ё абстракт буда, ҳиссаи тобеъ аз исмҳои конкрет ва абстракт ифода шуда метавонад: соҳибхона, соҳибҳавлӣ, соҳибкор, соҳибмаслиҳат, шарикдарс:
Дар охири мунозира соҳибхона аҳли маҷлисро зиёфат кард (С. Айнӣ, Куллиёт). Агар дар байни соҳибҳавлӣ ва машкоб ҷанҷол барояд, масалан соҳибҳавлӣ ҳаққи машкобро пурра надиҳад, машкоб дигар ба он ҷо об намекашонд... (С. Айнӣ, Куллиёт). Барои ин кор соҳибмаслиҳати якуми ман Аловуддин шуд (С. Айнӣ, Куллиёт).
- Исмҳои мураккабе, ки предметро мефаҳмонанд. Ҷузъи асосии исмҳои мураккаби гурӯҳи мазкур предмет ва маконро ифода намуда, ҷузъи тобеъ аз исмҳои конкрет ва абстракт иборат шуда метавонад:
Пахтазори сабзу сафедчатоб то домани силсилакӯҳҳо мерасид («Садои Шарқ»). Ман занҳои хоҳишмандро рӯйхат кардам (С. Улуғзода, Калтакадорони сурх). Ман хати бойро ба кисабағали худ монда, чакмани ӯро пӯшида, аз меҳмонхона баромадам (С. Айнӣ, Куллиёт). Онҳо сарриштаи худро гум карда, ҳаросон ба аъзоёни комиссия, ба ман ва ба ҳамдигарашон нигоҳ мекарданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Сарқандҳо, қуттинаботҳо ба меҳмонон «даҳанширинӣ» гӯён тақсим мекарданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Мо дар меҳмонхонаи соярави он боғ ҷой гирифтем, ки пешаш гулзор ва аз паси гулзор сарҳавз, дарахтони мевадор ва толорҳои ангур буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Падарам маро аз ҷойхобам оғӯш карда, ҳаросон ба рӯи ҳавлӣ давид (Ҳ. Ирфон, Дар кулбайи косибон). ...ба Галаосиё, ба ноибхона рафта будам (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар исмҳои мураккабе, ки предметро мефаҳмонанд, калимаи сар басо серистеъмол аст. Чунончи; сарнайза, сарнах, сарчашма, сарпиёз, сарсутун, сарсӯзан, сарангушт ва монанди инҳо.
Бо бандаки изофӣ таркиб ёфтани баъзе калимаҳои мураккаб ва дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳам дар шакли ибораи изофӣ ва ҳам дар шакли калимаҳои мураккаб бевосита таркиб ёфтани як воҳиди забонӣ гувоҳи онанд, ки исмҳои мураккаби тобеъ, ки аз исму исм таркиб ёфта, ҷузъи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё